Бе пул суханат асар надорад…
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп тамоми сирру асрори КСИР (Корпус стражей исламской революции) – Корпуси сипоҳиёни инқилобиисломии Эронро фош кард. Маълум шуд, ки ин ниҳодбарои ноором намудани вазъияти ҷаҳон «саҳм» - и босазо доштааст.Мақсади он «ҳавасманд» намудани намояндагони Ҳизби Наҳзати Исломдар тамоми гўшаю канори олам аст. Вай, ки ба пайравони ТЭТ ҲНИ маблаѓгузорӣ мекунад, боз супоришҳои махфӣ ҳам медиҳад, то ин ки балегўёнашон супоришҳоро бар ивази қурбонии ҷони инсонӣ бошад ҳам, иҷро намоянд. Дар натиҷаи амалкардинаҳзатиён ҳазорҳоодамон қурбон гаштанд, садҳо манзилу ҷойҳои обод хароб шуданд.Ин на танҳо ба зарари ин ё онминтақа, балки зарар ба тамомимусулмонониолам аст.Зараримоддии расидаро дер ё зуд ислоҳ кардан мумкин аст. Аммо зараримаънавӣ ислоҳнопазир ва ҷуброннашаванда мебошад: дар мафкураи тамомимардуми олам нисбат ба дини ислом, нисбат ба мусулмонони оламақидаи нодурустиманфӣпайдо мешавад. Ана ҳамин фикру ақида дар бораи мусулмонон чандин даҳсолаҳо боқӣ мемонад. Ин ақидароислоҳ кардан, ҳақиқати ҳолро дар бораи мусулмонӣ, дар бораи фармудаҳои Худою пайѓамбар дар бораи таълимоти «Қуръон» фаҳмонидан садсолаҳороталаб менамояд.
Барои таъминоти террористону экстремистон,яъне Ҳизби Наҳзати Ислом ин Корпусисипоҳиёни инқилобиисломии Эрон доларҳои зиёд (аз рўи як далел зиёда аз 3 миллион доллар дар се сол 2016-2018) сарф кардааст. Албатта,аз ин долларҳо Муҳиддин Кабирӣ, Мирзои Салимпур, Илҳом Ёқубов ва дигарон аввал «насибагирӣ» мекунанд, яъне «ком ширин менамоянд». Акнун, ки ин сирру асрори нодуруст, ақидаҳои зидди мусулмонии Корпуси сипоҳиёни инқилобиисломии Эрон дар тамоми оламфош гашт, шояд роҳбарониин корпус аз кардаҳои худ пушаймон шуда, дигар маблаѓгузориашонро бас намоянд. Он гоҳ шахсони зикршуда чӣ кор мекунанд? Пас ба умеди кадом хоҷаи «хайрхоҳ» ва «дасткушод» мешаванд? Ин ҳоло ба мо маълум нест. Локин, чӣ хеле ки мегўянд, ҳақиқатро пинҳон карда намешавад. Он рўзе ба рўи об мебарояд. Ба ҳама маълум мешавад. Одамон аллакайфаҳмидаанд, ки дўст кисту душман кист.
Иддае аз наҳзатиён муқобили маҷрои дарё шино карда, душмани халқ, душмани Ватан, душмани Тоҷикистон гаштаанд. Локин «амал» - и онҳо бардавому самаранок нест. Шоири машҳури адабиёти классикиамонМиробид Сайидои Насафӣ гуфтааст:
Ҳар кӣ ба душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари худ чу гирдоб хўрад.
Пас аз ин наҳзатиён бе пул, бе маблаѓ, бе сармоягузор мемонанд. Пас аз он наҳзатиён чӣ кор мекардабошанд?... Он рўз дур нест, ки наҳзатиён «Ятим» шуда, сару калобаи худропурра гум мекунанд ва тоқати ба Ватан баргаштан ҳам надоранду балегўёни кадом хоҷаҳои хориҷӣ мешуда бошанд. Инро вақт нишон медиҳад.
Бе пул суханат асар надорад,
Ҳоле, ки ту дорӣ, саг надорад!
Гуруҳи эҷодии рўзномаи донишгоҳии «Нури маърифат»