Фидои номи ту буду набудам, Меҳан ай Меҳан
Танида ёди ту дар тору пудам. Меҳан, ай Меҳан,
Бувад лабрез аз ишқат вучудам. Меҳан, ай Меҳан.
Ту будам кардӣ аз буду набудихо.
Фидои номи ту буду набудам, Меҳан ай Меҳан.
Чунинанд мисраҳои бузурги шоири ватандусту ватанхоҳ Абулқосим Лохутӣ, ки аз оғоз то ба анҷом лабрез аз ақидаҳои бузурги ватанхоҳианд. Калимаи “Меҳан” ифодакунандаи мафҳуми сарзамини аҷдодӣ аст, ки ниҳоят дилнишину гуворо садо додааст. Ишқи Ватан ишқи самимию лабрез аз самимияту дустдорӣ ва ифодакунандаи меҳри беолоиш нисбати Ватан-модари азиз аст. Ватан-модаре, ки дар канору оғуши гармаш бо ифтихори баланд кас ба воя мерасад. Ватане, ки шуҳрати чахонӣ дораду каму костиҳо ва норасоиву нуқсонхои ҳар як фарди миллаташро дар ниҳод гирифта, онро мепарварад. Ватане, ки моломоли ифтихормандихост. Ватане, ки ба ақидаи Лоҳутии бузургвор аз нобудихо чизе ё касе офаридааст.
Ватан бузургтарин макон ва пояндатарин маскан аст, ки инсонро дар оғуши худ мепарварад. Мегӯянд, ки «Ватан сар мешавад аз гахвора», ки хақиқати хол аст. Аммо дар ҳама давру замон ҳастанд нафароне, ки аз диду назари хеш мақому мартабаашонро бо тамаъкориву пастфитратӣва баҳонаҷӯиву мардумфиребоӣ ба хок яксон мекунанд. Ингуна қавму миллатҳо ҳеҷ вақт ба мақсади нопоки хеш наметавонанд бирасанд, зеро қонуни табиат ҳар амалеро дар посух натиҷагирӣ менамояд.
Ҳадаф аз ин суханҳобаррасии ниятҳо ва нақшаҳои нопоки кишвари ҳамсоя Қиргизистон буда, чандин мартаба метавон амалҳои ғайриқонунӣ ва худсарона аз худ намудани сарҳади Ватани азизамонро халалдор месозад.
Хунукназарии мақомотҳои дахлдор, нофармонии афсарону амалдорони кишвари ҳамсоя Қирғизистон, баёнгари беъэтиноии мамлакатро ифшо намуда, ҷабҳаҳои фаъолияти санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии онро дар байни кишварҳои ҷаҳон доғдор менамояд.
Ҳарчанд мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол нисбати ҳар як кишвару миллат, новобаста аз қавму нажод анаънаҳои дустиву бародариро эътироф ва эҳтиром менамояд, лек ин эҳтирому хомӯши нишонаи бетарафӣ набуда, мардуми поктинати тоҷик ҳалли масъоили мазкурро дар асоси талаботҳои қонун ва меъёрҳои ҳуҷҷатҳои марбут ба масъоили зикргардидаро ба мақсад мувофиқ медонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони кишвар, бо изҳори нигаронӣ аз вазъи печидаи ҷаҳони имрӯз, бори дигар таъкид карданд, ки “дар шароите, ки арзишҳо таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат тағйир ёфта, муборизаи қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё ва неъматҳои моддӣ торафт шиддат гирифта истодааст, тавассути корҳои тарбиявию маърифатӣ ҳифз ва тарғиб намудани арзишҳои меҳварие, ки таффакур ва амали насли имрӯзу фардои миллатро ташаккул ва рушд медиҳанд, ногузир ва ҳатмӣ мебошад”.
Мо ҷавонон дар партави суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ вақт намегузорем, ки Ватани моро торумор намоянд. Ҳар кафи хоки меҳани биҳиштиро чун ҷон азиз медорем ва то ҳастӣ дар вуҷуд аст, ҳомии давлату миллати аҷдодии хеш ҳастем !!!
Абдусаломи Абдуҳак магистранти филологияи рус