Чанд андеша пиромуни Изҳороти расмии сардабири сомонаи “Ахбор” Мирзои Салимпур
Замоне, ки бо ин изҳороти расмӣ рӯ ба рӯ гардидам, маро як вазъи ногуворе фаро гирифт. Сардабири сомонаи “Ахбор” М. Салимпур худро ба ибораи халқӣ “мусичаи бегуноҳ” медонад. Вале ба ҳамагон маълум аст, ки ин рӯзноманигор яке аз мухолифини ҳукумати конститутсионӣ буда, ба давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқ набуду нест. Тавре мегӯянд “аз таги нохун чирк мекофт”. Мавсуф дар изҳороташ қайд мекунад, ки роҳбари бевоситаи “фермаи ҷавоб” Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) мебошад. Ин андеша ягон асоси эътимоднок ва далел надорад. Ҳадафи асосии Амнияти миллии Тоҷикистон ба маънои томаш ҳифозати давлати соҳибистиқлол ва мардуми шарафманди он маҳсуб меёбад.
Бо “далел”-у суханҳои подарҳово гунаҳкор кардани ин мақомоти давлатӣ ҷоиз нест ва ҳатто гуноҳест азим.
Дар изҳорот суханҳое дарҷ гардидааст, ки ба забон овардани онҳо забонро месӯзонад. Истифодаи суханони қабеҳу ноҷоя, таҳқиру душмансозӣ вожаҳои зишту беасос “ғоя”-и изҳоротро ташкил додааст. Хулоса, дар изҳорот зиштбаёнӣ ба арши аъло расидааст.
Иқтибос аз изҳорот:
Айнан: Вақте далел надоранд, рӯ меоранд, ба дашному таҳқир. Ин сагу хари “фермаи ҷавоб” (узр мехоҳам аз ҳама сагону харону дунё, ки ин бебасаронро ба онҳо ташбеҳ додам, таҳир аст дар ҳақиқат дар ҳаққи сагони вафодору харони борбардор)...
Дар ҳоле, ки худи сардабир М. Салимпур далели тасдиқкунанда надорад, оё ин гуфтаҳояш дурустанд? Ҳаргиз не. Ӯ ноҷавонмардона инсонҳоро таҳқир карда, эшонро сагу хар номидааст. Ин далел аз паст ва хеле паст будани маданияти ӯ шаҳодат медиҳад.
“Буқаламин ё охирзамониаш ҳамин бошад!?”
Оре, Ҳамин аст.
“Илҳом Салимов, бародари М. Салимпур ӯро оқ кард” Чунин бародар арзандаи “оқ” аст.
Оқипадарро шунида будем, аммо оқибародарро ҳам дидем”. Ин ҳақиқати бебаҳс аст.
Хулоса: Изҳорот дар ҳақиқат ба туҳматнома табдил ёфтааст.
Кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ