​Даргузашти устод Ҷорӯб Гулбеков

10-уми апрели соли 2019 марги беамон аз байни мо яке аз устодони варзидаву собиқадори факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археология, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷорӯб Гулбековро рабуд.

Дотсент Ҷорӯб Гулбеков 18-уми феврали соли 1951 дар деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таваллуд ёфтааст.

Пас аз хатми мактаб Ҷ. Гулбеков ба шуъбаи таърихи факултети таърих ва филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров дохил гашта, соли 1972 онро бо дипломи «аъло» хатм намуд.

Шавқу муҳаббат ба илм, истеъдоди ҷӯяндагӣ, муҳаққиқии Ҷ. Гулбековро ба назар гирифта Раёсати донишгоҳ ва садорати факултет ӯро чун муттахассиси ҷавону лаёқатманд ва ояндадор ба донишкада ба кор тавсия доданд.

Ҷ. Гулбеков солҳои 1972-1977 дар вазифаи муаллими кафедраи таърих, солҳои 1977-1999 муаллими калони кафедраи таърихи умумӣ, солҳои 1999-2005 мудири кафедраи таърихи Ватан кору фаъолият бурдааст.

Солҳои 1987-1993 ӯ вазифаи ноибдекани бахши таълими факултетро дар уҳда дошта, дар пешрафти корҳои таълиму тарбия дар факултет саҳми шоиста гузоштааст.

Ҷ. Гулбеков моҳи сентябри соли 2002 таҳти роҳбарии муаррихи номӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ғафур Ҳайдаров дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ рисолаи худро дар мавзӯи “Таҳаввулоти аграрӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар солҳои баъдиҷангӣ” ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи номзади илмҳои таърих гардид.

Ҷӯроб Гулбеков муаллифи беш аз 40 асару мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ оид ба масъалаҳои таҳаввулоти аграрӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, мактабу маориф дар Тоҷикистон, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра мебошад. Ҷ. Гулбеков яке аз муҳаққиқони шинохтаи таърихи коллективонии хоҷагии қишлоқ, дигаргуниҳои аграрӣ, таҳаввулоти иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар Бадахшон ба ҳисоб рафта, тадқиқотҳои илмии ӯ марбут ба ин масъала дар байни муаррихони вилоят, ҷумҳурӣ шинохта шудааст.

Дотсент Ҷ. Гулбеков дар тӯли фаъолияти қариб нимасраи худ дар тарбияи ҳазорон омӯзгорон, шогирдон саҳми арзанда гузошта, имрӯзҳо шогирдони ӯ дар мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷумҳурӣ ва берун аз он ба тарбияи насли наврас машғуланд.

Устод Ҷ. Гулбеков дар тарбия ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ-омӯзгории соҳибунвон низ хизмати шоиста намудааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи илмии ӯ ду нафар шогирдонаш – Дилрухсор Фармонова ва Гулсара Ғафурова рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда, чанде аз шогирдони ӯ дар арафаи ҳимояи рисолаҳои илмии худ мебошанд.

Дотсент Ҷ. Гулбеков аз соли 2003 то 2017 ба ҳайси намояндаи (менеҷери) Созмони байналхалқии Оғохон дар вилояти Суғд, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон фаъолият бурда, дар тадбиқи лоиҳаҳои таълимӣ-маърифатӣ, омӯзишӣ, фарҳангӣ ва расонидани кӯмакҳои башардӯстонаи Бунёди Оғохон ба мардум саҳми назаррас гузоштааст.

Устоди Ҷ. Гулбеков иштирокчии ҳамоишҳои гуногуни илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ, байналхалқӣ, аз ҷумла иштирокчии Симпозиуми байналхалқӣ бахшида ба 1000-солагии мутафаккири бузург Носири Хусрави Қубодиёнӣ (Душанбе, 2003), Семинари байналхалқӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб (Дубай, 2007) ва ғайра мебошад.

Устод Ҷ.Гулбеков яке аз омӯзгорони асилу донишманд, шахси ростгӯву ростқавл, масъулиятшинос ва дар мавқеи худ устувор буд. Ӯ шогирдони худро ҳамеша дар роҳи маърифату илмҷӯӣ, садоқат ба Ватан, худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарастӣ тарбия ва ҳидоят менамуд.

Дотсент Ҷ. Гулбеков ҳамчун муаррих, муҳаққиқ, таблиғгари фаъоли сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тавассути рӯзномаҳо, радиову телевизион дар байни мардум дастовардҳои даврони истиқлолият, навигариҳои илму фарҳангро таблиғу ташвиқ менамуд.

Устод Ҷ. Гулбеков шахси хоксору фурӯтан, ботаҳаммул, маслиҳатгари шогирдону ҳамкасбон ба ҳисоб рафта, дар зиндагии шахсӣ, оиладорӣ падару бобои меҳрубон буд ва фарзандони худро дар роҳи илму дониш,меҳнати ҳалол тарбия намудааст.

Роҳи тайкарда, зиндагии шоиста ва кору пайкори мондагори устод Ҷ. Гулбеков дар қалбу хотири шогирдон, ҳамкорон, пайвандон ҳамеша зиндаву ҷовид хоҳад монд.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ, хоса, садорати факултети таърих ва ҳуқуқ ва кулли устодону шогирдон аз реҳлати нобаҳангоми дотсент Ҷорӯб Гулбеков андуҳгин буда, ба аҳли байт, пайвандони устоди фақид ҳамдардии самимӣ изҳор менамоянд ва аз даргоҳи Худованд умед доранд, ки ҷояшон ҷаннатулмаъво ва охираташон обод бошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ