​Қарори Додгоҳи олӣ ва ифшои мақсадҳои нопоки наҳзатиҳо!

Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош бар он карда истодааст, ки баҳри осоиштагӣ ва пешравии мардум фазои мусоидеро фароҳам орад. Инчунин, ҳар иқдом ва қарореро, ки нисбат ба террористони наҳзатӣ мебарорад ин ба манфиати мардум аст, ки имрӯз ва оянда хатар ва таҳдидҳои он ба насли наврас ва аҳолии Тоҷикистон нарасад.
Чунин қарор аз тарафи Додгоҳи олии кишвар дар бораи террористӣ ва мамнӯъ эълон кардани ташкилоти террористии Паймони зиддимиллӣ баромад, ки ин бисёр барои шаҳрвандон муфид аст. хубии дигараш ин аст, ки мақсадҳои нпоки наҳзатиҳороифшон сохту ба мардуми осоиштаи Тоҷикитсон расонд то бубинанд душманонашон кӣ ҳастанд.
Паймони террористӣ аз тарафи наҳзатиҳои хоин ташкил карда шудааст, ки Кабирӣ баъди бадном гаштани ҳизби террористии наҳзат ба ташкили чунин ташкилот пардохт. Чӣ гунае, ки ба ҳамагон маълум аст Кабирӣ бо созмон додани ин гуна ниҳодҳои террористӣ мақсад дорад мардуми ноогоҳ ва сӯстиродаро фирефтаи худ кунаду ба доми терроризм партояд.
Роҳбари наҳзатиҳо худро мардумсолор ва ватандӯст вонамуд месозаду фикр мекунад, ки мардум аз амалҳои пасипардагиаш бехабар мебошанд. Вале қарори Додгоҳи олии кишвар бори дигар собит сохт, ки ташкилоти террористии Паймони зиддимиллӣ бар зидди миллати тоҷик будааст. Мақсади қаубли ин қарор он аст, ки мардуми ноогоҳ ва сӯстирода бубинанду ин бешарафонро бо ин ташкилотҳояшон шиносанд, то ин ки фирефтаи онҳо нагарданд.
Ин қарори бамавриде аст, ки Мардумро аз хатари терроризм, яъне таҳдидҳои наҳзатиҳо эмин нигоҳ медорад. Ин иқдоми бо далел ва пешгирикунанда аст, ки онҳо натавонанд амалҳои террористӣ ва ақидаҳои ифротиашонро дар кишвари мо амалӣ ва ҷорӣ созанд.
Аммо фаромуш набояд кард, ки ҳар иқдомеро, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон мебарорад ин бо далелҳои тасдиқкунанда мебошаду ба манфиати миллати тоҷик ва ба хотири он, ки он бешарафони наҳзатӣ натавонанд мардумро фирефтаи худашон кунанду дасташонро ба амалҳои террористӣ олуда созанд.
Ҳеҷ гоҳ Додгоҳи олии кишвар беасос касеро ва ҳеҷ созмонеро террористӣ ва мамнӯъ эълон намекунад. Ин наҳзатиҳо мебошанд, ки ҳама амалҳои террористии содир намудаашон ошкор асту далелҳои тасдиқкунандааш вуҷуд дорад ва аз ин ҳамагон дар кишвар бохабар мебошанд. Имрӯзҳо Ҳукумати Тоҷикистон тарафдорӣ сулҳу субот ва якдигарфаҳмиву муттаҳидӣ миёни мардуми тоҷик аст.
Ин наҳзатиҳо ва ё Паймони зиддимиллӣ аст, ки ғаразҳои нопок нисбат ба мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон доранд. Аммо фаромуш набояд кард, ки кишвари Тоҷикистон бо вуҷуди ин террористон дар гузашта тавонистааст, ки пеш равад ва имрӯз ҳам метавонад бо вуҷуди амалҳои террористиву ифротгароии онҳо ба пеш ҳаракат кунад. Аммо ин қарори Додгоҳи олӣ баҳри осоиштагии мардуми Точикистон аст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ