Изҳороти устодони кафедраи биологияи тиббӣ
То ҳол якчанд намояндагони ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз амалҳои нопоку ифротангези хеш даст накашидаанд, ки яке аз масъалаҳои доғи рӯз боқӣ монда истодааст. Роҳбари ин ҳизб М. Кабирӣ, ки яке аз хоинони асосии миллати тоҷик ба шумор меравад,дар як ҳафта як маротиба тавассути сомонаҳои интернет бо суханҳои бемағзу дурўғи хеш намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро танқиду мазаммат менамояд, ки дар вақтҳои охир ин амал ба ў одат шудааст. Аз сабаби он, ки дигар аз дасташ чизе намеояд, бо ду – се нафар пайравони чоплусу ватанфурўши хеш бо ғайбату буҳтон машғул аст, ки машғулияти дустдоштаи ў мебошад. Аз як тараф агар рӯзноманигорон ба омма ин масъаларо баррасӣ намоянд, аз ҷониби дигар худи шаҳрвандон низ аслу моҳияти ин ташкилотро дарк намуда истода, фикру акидаҳояшонро иброз дошта истодаанд, ки ин амали онҳо дар вақтҳои наздик боиси аз байн рафтан ва несту нобуд гаштани онҳо мебошад.
Онҳо бо ин амали хеш на танҳо кишварро бадном менамоянд, балки дини мубини Ислом, ки чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад, ҳамчун дини ифротангез муаррифӣ менамоянд. Онҳо одамонеро, ки дур аз илму фарҳанг ва сиёсат ҳастанд, макру фиреб дода барои ба амал татбиқ нмудани мақсадҳои нопоки хеш истифода мебаранд. Пешгирии ин амали номатлуби онон вазифаи мо шаҳрвандон буда, ҳама вақт бояд зиракию ҳушёриро аз даст надиҳем ва дигаронро низ аз ифроти онҳо ҳимоя намоем.
Хушбахтона, имрӯз миллати тоҷик бо ҳидояти Пешвои донову рамўзфаҳми хеш, мӯҳтарамЭмомалӣ Раҳмон барои шукуфоии ин кишвари биҳиштосо мубориза бурда истодаанд .
Мо, аҳли ҷомеаи кафедраи биологияи тиббӣ дар пайравӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, мӯҳтарамЭмомалӣ Раҳмон бар зидди онҳо мубориза мебарем!