Факултети тарбияи ҷисмонӣ: Ватан xонаи ман - ифтихори ман
Бахшида ба “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии факултети тарбияи ҷисмонӣ, инчунин таҷрибаомӯзони курси 3-юми ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ дар Гимназияи № 4-уми шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҳарбӣ - варзишӣ бо номи «Ватан xонаи ман - ифтихори ман» доир шуд.
Чорабинӣ аз садо додани суруди миллӣ оғоз гардид.
Муовини директор оид ба корҳои таълим Атохeҷаева М. сараввал, дар бораи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикстон маълумот дода, мусобиқаро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Мавсуф дар баромади худ мақсад аз баргузории ин чорабиниро ҳарчи бештар омода намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Муссаллаҳ ва баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстива хештаншиносӣ арзёбӣ кард.
Дар ин сабқат, ки аз 12 намуди варзиши иборат буд, зиёда аз 100-нафар ҷавонписарону ҷавондухтарон гимназияи мазкур ширкат варзиданд.
Мусобиқа шавқовар гузашт. Дар охир ғолибон муайянва аз тарафи маъмурияти гимназия бо ифтихорнома ва ҷом сарфароз гардонида шуданд.
Дарин чорабинӣ намоянда аз маркази тиббӣ дар назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковник Тошпӯлотов А. намоянда аз шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Камолов М., намоянда азкомиссариати ҳарбӣ,лейтенант Ҳасанов А., мудири таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ, дотсент Абдурасул Бобоев ва маъмурияти гимназия иштирок доштанд.
Мавриди зикр аст, ки чорабинӣ таҳти роҳбариисармуаллими кафедраи варзиш ва методикаи таълими тарбияи ҷисмонӣ Бойматов Д.С. гузаронида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил