Байзаи зоғ…
Аз рўзе, ки фаъолияти ташкилоти террористии ҲНИ дар Тоҷикистон расман қатъ гардонида шуд, намояндагону ҷонибдорони он ба чаҳор тараф пароканда шуда, ба оҳу нола ва худсафеднамоӣ шурўъ карданд ва дар назди ташкилотҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон худро мўсичаи бегуноҳ метарошанд.
Аммо сиёҳ ба сафед гуфтан куҷо сафед мешаваду бад неку каҷ рост? Мусаллам аст, ки ҳеҷ вақт аз байзаи зоғ товус ба вуҷуд намеояд. Ин ҷонибдорону ҳавохоҳони ҲНИ ҳеҷ вақт нияти нику пок нисбати ин сарзамину ватани мо надоштанду надоранд. Зеро онҳо ҳамеша аз рўйи барномае кор мекунанд, ки хоҷагонашон барои онҳо тарҳрезӣ менамоянд.
Пас аз баргузории ҷаласи солоноаи САҲА "Оид ба иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи ченаки инсонӣ" ва ширкату шикасти намояндагони ТЭТ ҲНИ мақолоти зиёде дар саҳифаҳои рўзномаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид, ки дар онҳо муаллифон аз дидгоҳи худ асолати ин ташкилоти зиддиинсониро ба мардум бозгў менамуданд. Дар миёни мақолоти мазкур навиштаи номзади илмҳои таърих, дотсент Абдулло Ғафуров таҳти унвони "Босмачӣ шояд ба Аврупо равад, аммо аврупоӣ намешавад (чанд мулоҳиза дар атрофи шармандагии намояндагони ТЭТ ҲНИ дар ҷаласаи солонаи САҲА дар Варшава)" ҷолиби диққат мебошад. Зеро дар он бо далелҳои қавӣ нишон дода шудааст, ки он ташкилоте, ки аз ҷониби ин хоинони ватан бо номи "Паймони миллии Тоҷикистон" таъсиси дода шудааст, ҳамон ТЭТ ҲНИ мебошад ва аз рўйи барномаи он амал хоҳад кард ва табиист, ки мақсади онҳо ба ҷуз бадномсозии Тоҷикистону мардуми шарифи он дигар чизе нест.
Ин гурўҳ аз рўзе, ки Тоҷикистонро тарк карданд, аз пайи туҳмату иҳонат бар давлату Ҳукумати кишвар ва сарвари он мебошанд. Ҳамасола дар ин ҷаласаҳое, ки дар Варшава баргузор мегардад, ширкат варзида, бегуноҳ будани худро исбот карданӣ мешавад. Вале намешавад офтобро бо доман пўшонид ва бўйи бадро пинҳон кард.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва ҷолиби диққате, ки дар нишасти мазкур матраҳ гардид, босмачӣ будани онҳо ва эътирофи раиси ин ҳизб мебошад. Кабирӣ дар гузориши хеш махсус таъкид намуд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ дар асл давомдиҳандаи кору пайкори босмачигарии қарни гузашта мебошад. Чунонки босмачиҳо суботи ҷомеаро барҳам зада, дер зери ниқоби дину ҷиҳод хонаҳоро ғорат мекарданд, ашхоси бегуноҳро ба қатл мерасониданд, номуси мардумро таҷовуз мекарданд. Наҳзатиҳо ҳам айнан чунин амалро дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба субат расониданд.
Ин террористону ифротгароён аз ҳақиқати таърих сабақ бояд бигиранд. Яъне чунонки ҳаракати ваҳшиёнаи босмачигарӣ решакан карда шуд ва аз он номеву нишоне ҷуз бадномӣ намонд, як рўз ин ҳолат бар сари наҳзатиён хоҳад омад. Ҳоло ки фурсат доранд, ба ватан бозгарданд ва ба гумроҳ кардани ҷавонони мо хотима бахшанд, вагарна таърих ва фарзандони ин миллат эшонро нахоҳад бахшид.
Кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ