​Тундгароӣ, ифродгароӣ, даҳшатафканӣ ва роҳҳои мубориза бо онҳо

Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм (тунгароӣ), ифродгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегирад.

Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд. Бо назардошти он ки тағйироту афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай бурданд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд. Аз ҳамин сабаб, намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои динӣ, маориф дар мавриди тадбирҳои пешгирӣ дер мекунанд, ки он боиси вусъат пайдо намудани радикализм, ифродгароӣ ва даҳшатафканӣ дар байни ҷавонон мешавад.

Бо мақсади тавзеҳӣ бештари масъала бояд сараввал маҷҳумҳои асосиро шарҳ диҳем: Тундгароӣ - дастгирӣ ва пайравӣ ба ақидаҳои бемуросо ва таҳаммулпазир. Тундгарроиро метавон ба динӣ, сиёсӣ, гендерӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва ғайра ҷудо намуд. Раванди тундгароии ҷомеа- афзоиши шумораи тарафдорони ақидаҳои яктарафае, ки нуқтаи назари дигарро таҳаммул надоранд, ягон намуди муросоро эътироф намекунанд ва ба муколамаи самаранок моил нестанд. Ифродгароӣ - зоҳир гардидан ё амалиёти ифродгароёнаи ҷомеа, ки бештар мустақиман ба сохти сиёсии ҷомеа, гурӯҳ ё фардҳои алоҳида хатар ба вуҷуд меоваранд. Ифродгароӣ ба иҷтимоӣ, миллӣ, сиёсӣ ва динӣ ҷудо мешавад. амалиёти сиёсии ифродагоӣ дар шаклҳои гуногуни фаъолият, аз зуҳуроти аз доираи конститусия беруннараванда сар шуда, бо шаклҳои шӯриш, фаъолияти исёнгарона, терроризм сурат мегирад.

Даҳшатафканӣ (терроризм) – шакли ниҳоии хеле хатарноки ифродгароӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ва динӣ мебошад ва пеш аз ҳама, ба одамони бегуноҳ таҳдид менамояд. Даҳшатафканӣ аз рӯйи моҳияти худ истифода ва таҳдиди мунтазами истифодаи зӯроварист, ки аз нигоҳи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва идеологӣ асоснок шудааст.

Даҳшатафканӣ якчанд унсури ба ҳам марбутро дар бар мегирад:

Ғояи даҳшатафканӣ (назария, консепсияҳо, барномаҳои ғоявии сиёсӣ);

Сохторҳои даҳшатафканӣ (ташкилотҳои байнадхалқиву миллӣ);

Амалияидаҳшатафканӣ (фаъолияти даҳшатафканӣ).

Ифродгароӣ ва шакли ниҳоии он – даҳштафканӣ ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд.

Макони ифродгароӣ: Ҷойҳои нисбатан маъмул ва васеъ паҳншудаи ифродгароӣ ҷойҳои ғайрирасмӣ, чун мактаб, кӯча, донишгоҳ, манзили зисти муҳоҷирон, хобгоҳ ва ҳоло аз ҳама ҳабсхонаҳо мебошанд.

Интернет бо даъватҳои дар тамоми ҷаҳон паҳншавандаи иштирок дар ҷиҳод, дастурамалҳои тайёр кардани бомба ва қоилшуданҳои машҳури шаҳидон, дар паҳншавии босуръати экстремизм нақши калон мебозад. Он ба воситаи чат ва формуҳои мубоҳисавӣ барои муошират имкон муҳайё менамояд, ки тамоми муҷоҳидони оламро пайванд месозад.

Чор марҳилаи тунгарошавӣ

Танҳо гузоштани инсон.

Ҳаммонанд шудан бо таълимоти ифродгароёнаи гурӯҳ. Одам аз одату муносибатҳои пештараи худ даст мекашад, кӯшиш менамояд, ки зиндагӣ, рафтор ва тарзи либоспӯшии худро бо зиндагии ҷамоаи нави худ мувофиқ намояд.

Дар мариҳилаи савум ҷавобҳои тундгароёна пурра қабул карда мешаванд. Зӯроварӣ чун амали ҳимоятӣ бар зидди “кофирон”.

Ҷиҳод ӯҳдадории фардӣ мегардад. Баъди ин роҳи бозгашт нест.

Раванди тундгароӣ метавон ноаён бошад ва хеле оромона сурат гирад. дурӣ ҷустан аз ҷомеа. Тағйири рафтор, қатъи муносибат бо оила метавонад ҳамчун огоҳӣ хизмат намоянд, вале ба сари худ наметавонанд нишонаҳои аниқи тундгароӣ бошанд.

Қобили қайд аст, ки терроризм ва экстремизм (ифродгароӣ)дар миқёси умумиҷаҳонӣ бениҳоят паҳн гардида, хатари калони иҷтимоӣ дорад ва ба амнияти кишварҳо ва минтақаҳои гуногун бевосита таҳдид намуда истодааст.

Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Таҳлилҳои ҷараёни имрӯза ва ҳодисаҳои охир нишон дода истодаанд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба минтақаи Осиёи Миёна терроризм ва экстремизми байналмилалӣ таҳдид карда истодааст. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар давраи 23 соли Истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зуҳуроти террористӣ ва эктремистӣ таҳдид мекардаднд. Дар ин самт объекти бевоситаи гурӯҳҳои гуногуни ҷиноӣ ходимони давлатию ҷамъиятӣ, объектҳои стретегӣ ва ҳаётан муҳим буданду мемонанд. Боиси қайд аст, ки баъди поҳхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақа бархӯрди мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯтву харобкориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти “гӯё динӣ” гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи “қаҳрамонӣ”, “фидокорӣ” ташбеҳ мекунанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳи худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати меросӣ маънавӣ- фарҳангии он шахсро бо инкори ҳақиқат гузашта, ба бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию- динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифродгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаихудро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Мутаассифона, имрӯзҳо шаҳрвандони Ҷумҳури Тоҷикистон дар пойгоҳҳои омодагии зархаридон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон ва дигар давлатҳои араб ба назар мерасанд, ки мо шоҳиди ин ҳолатҳо шуда истодаем.

Ҳолатҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки терроризм ва эктремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Имрӯзҳо ҷинояткорон дар кирдорҳои худ шаклҳои гуногуни яроқро интихоб намуда,ба давлатҳои абарқудрат муқобилияти шадди нишон дода истодаанд, ки аз хатари аслии терроризм ва экстремизм ба ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби намбудани ҷойи корӣ, аксарият дар хориҷӣ кишвар дар муҳофирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мебошад.

Ҳар кадоми мо солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мебошем, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ (алалхусус шабакаҳои иттилоотии Интернет) бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, равандҳои сиёсиву иҷтимоиро тағйир доданӣ мешаванд. Бинобар ин ҳам, яке аз масъалаҳои мубрами рӯз зарурати бартараф намудани рушди экстремизм аст. Аз ин рӯ, ба муқобили радикализм, ифродгароӣ, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосири, ки барои ҷомеаи мо бегона мебошанд, мубориза бурда, барои пешгирӣ намудани онҳо чораҳои мушаххаси тарбиявӣ андешидан зарур аст.

Роҳҳои мубориза бо тундгароӣ, ифродгароӣ ва даҳшатафканӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ва Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремисти дошта муваззаф гардонидааст.

Дар ин раванд, бояд моддаҳои 6-8 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намудан бемаврид аст, ки дар онҳо бевосита оид ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолияти онҳо ва манъ будани ғасби сохтори давлатӣ қайд гардидаанд ва ин арзишҳо арзишҳои олӣ буда, ба меъёрҳои байналмиллаӣ мувофиқат мекунад ва манъ будани ғасби мусаллаҳонаи давлатӣ ин маънои маҳкум кардани кирдорҳои ҷиноятиро дорад, ки ин мафҳум ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ доштаро дар бар мегиранд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ