​Изҳороти раёсати илм ва инноватсия

Имрўз мардуми Ворухи шаҳри Исфара аз ҳодисаҳои ғайриинсонии баъзе аз нафарони ноогоҳу иғвогари наздисарҳадӣ, ки мехоҳанд муносибатҳои ҳасанаи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро вайрон кунанд, ба таҳлука омадаанд. Бояд қайд кард, ки мардуми Ворух дар мубориза ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуби наздисарҳадӣ танҳо нестанд. Мардуми тоҷик ҳамеша дар паҳлўи онҳо қарор доранд ва намегузоранд, ки дар ҳифзи марзу бум дар сарҳад онҳо танҳо бошанд. Ворух як ҷузви суҳими кишвар ба шумор рафта, ин минтақа яке аз марзҳои қадимаву тоҷикнишини миллати мо ба ҳисоб меравад. Оғоз гардидани иншоотҳои ҷашнӣ барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳадияи арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ворух мебошад. Ин дастоварди арзанда барои боло бурдани маърифати насли наврас ва эҷод кардани эҳсоси ватнадўстмву ватанхохӣ заминаи муосид фароҳам меоварад ва умед бар он менамоем, ки бо чунин ибтикороту ҷасорат дар оянда низ мардони зафарманди Ворух марзҳои сарҳадии кишварро ҳамоя намуда, нақши худро дар таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва дўстии халқҳо менузоранд. Аз ин ҷиҳат, мо ба оянлаи дурахшони Ворух боварии комил дорем ва иброз медорем, ки Ворух ва мардуми сарбаланди он танҳо нестанд ва дар оянда низ дар роҳи мубориза танҳо нахоҳанд монд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ