Ба бар кардани либоси миллӣ-муаррифгари асосии маданияти халқи тоҷик аст.
Тоҷикистон яке аз давлатҳоест, ки фарҳангу маданияти бой дорад. Аз қадимулайём мамлакати мо ҷиҳатҳои гуногуни маданиву таърихӣ, яъне ҳам аз ҷи ҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати маданӣ тараққикарда ҳисобида мешуданд. Таърих гувоҳ аст, ки дар рафти ҷамъиятҳои гуногуни таърихи халқи шарафманди тоҷик рўзҳои сахтро аз сар гузаронида буд, ки дар натиҷаи ин забткориву бедодгариҳои халқиятҳои гуногун, он зери таъсири онҳо қарор гирифт. Масалан, то давраи забткориҳои арабҳо дар минтақаи Осиёи Миёна расму русуми тоисломӣ, яъне зардуштӣ ба назар мерасид. Вақте, ки Хуросону Мовароуннаҳр дар зери таъсири Хилофати араб монданд, арабҳо тавонистанд, ки тамоми урфу одат, расму оид, дин, ҳуруфот ва бисёр чизҳои дигарро дар ин минтақаҳо паҳн намоянд.
Баъди омадани муғулҳо ва омехташавии халқияту кабилаҳои турку муғул халқияти нав пайдо шуд, ки дар асри XVI дар Осиёи Миёна обрўву нуфуз пайдо карда, дар асри XVIII хонадони Манғитиён, ки дар яке аз бузуртарин давлати хамондавра Аморати Бухоро ном дошт, ҳукмрон буданд. Баъди забти Осиёи Миёна аз тарафи Россияи подшоҳӣ дар асри XIX халқиятҳое, ки дар Осиёи Миёна зиндагӣ мекарданд, дар зери таъсири онҳо монданд. Зеро, ки аз зулму бедодгариҳои амирону, хонҳову, бекҳо ба дод омада буданд. Дар давраи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, албатта ба бисёр мувоффақиятҳои калон дар тамоми соҳаҳои хоҷагӣ ноил гардидем ва ин боиси боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум гардид. Акнун, ки истиқлолияти давлатиро ба даст овардем, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва аз меваҳои болаззати дарахти истиқлолият самаранок истифода барем ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем, чунки ки ваҳдату осудаги ба осонӣ ба даст наомадааст ва халқи тоҷики дар таърихи навини худ чи қадар рўзҳои вазнинро аз сар гузаронидааст ва яке аз мақсадҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки мардуми сарбаланди халқи тоҷик бояд осуда дар тинҷиву оромӣ умр ба сар бурда ба оянда бо чашми нек назар кунанд. Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад, ки ҳамаи он дар қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Конститутсия сабт шудааст (моддаи 1), ки ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон давлати мустақили худро эълон намуда, соҳиби давлату давлатдорӣ гардида дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз арзишҳои волотарин ба ҳисоб мераванд. Гуфтан бамаврид аст, ки тоҷикон халқияте мебошанд, ки расму оин, урфу одат ва анъанаҳои миллии худро доро мебошанд, ки либоси миллӣ низ яке аз паҳлўҳои он ба шумор рафта муаррифгари асосии маданияти миллии халқи тоҷик ба шумор меравад. Пўшидани либос дар ҳар маврид гуногун мебошад, ки мо бояд дар рафти кор бо либосҳои тафсиявӣ ба кор ҳозир шуда, дар маъракаҳои ҷашниву идҳои аҷдодиву суннатӣ либосҳои миллиамонро ба бар намоем, чунки пўшидани он дар чунин мавридҳо махсусан хос мебошад.
Абдуллоева А.Р. - устоди донишгоҳ