Изҳороти мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология, дотсент Собиров М.С.
Раванди боло рафтани нархи истифодаи алоқаи мобилӣ ва интернет ро душманони миллат ҳамчун як ҳодисаи даҳшатбор маънидод карда, тавассути интернет мардумро роҳгум заданӣ шуданд. Бояд гуфт, ки то давраи аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бекор гардидани ин амали номатлуб гурезагону беватанони маскуни мамлакатҳои бегона, хусусан намояндаҳои ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати ислом дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ иғвою даъвоҳои беасос паҳн намуда дар шаъни роҳбарияти олии Тоҷикистон ҳар гуна ибораву вожаҳои нораворо истифода намудаанд. Имрӯз, ки беасосу пуч ва ботил будани суханонашон собит гардид, барои чӣ бошад, ки онҳо хомӯшанд?
Эй номардони майдонғариб ?! Акнун ба ҷаҳониён фаҳмонед, ки Пешвои миллати тоҷик ғамхору халқпарвар ва одилу инсонпарвар мебошанд. Танҳо баъзе “кадр”-ҳои баднафсу беақл баобрӯи давлатаз ҳисоби хислатҳои манфиашон футур мерасонанд. Пешвои муаззами миллат бошанд чун ҳамеша ҳушёру огоҳ аз муаммоҳои халқу давлат бо қарори қатъӣ масъалаипайдошударо бар манфиати мардуми шарифи Тоҷикистон ҳаллу фасл карданд.
Наҳзатиёни беору номус! Канӣ акнун ба мардуми ҷаҳон ҷор занед, ки тӯҳмату иғворо ба роҳбарияти олии Тоҷикистон раво дидеду ботилии он исбот шуд. Месазад, ки дар назди Пешвои муаззами миллат зону зада таъзим кунедубахшиши гуноҳҳоятонро пурсед. Шукронаи Парвардигор, кисарвари мо раҳмдилу дилсӯз ҳастанду эҳтимол меравад, ки шумо барин бадзотонро бахшанд.