ТЭТ ҲНИ зояндаи ақидаҳои террористӣ дар Тоҷикистон аст
Як маротиба аз худ пурсед: дар кадом давлатҳо ҷангҳои дохилӣ рафта истодааст? Пурсидед? Ҷавобашро ёфтед? Бале, хато накардед!
Ҷангҳои дохилӣ дар он кишварҳое рафта истодаанд, ки дар онҳо ҳизбҳои ба номи исломӣ фаъолият доранд. Биёед дур намеравем, Афғонистони ҳамсоя. Кӯдаки дар оғози ҷанг ва бесуботиҳо дар ин кишвар таваллудшуда имрӯз наберадор аст! Яъне як насли одамӣ гузашта истодаасту ин ҷо ҳамоно даргириҳои дохиливу гурӯҳӣ идома дорад. Сабаб будани ҳизбҳои динӣ, аз ҷумла бо теъдоди зиёд. Ё худ Дар баъзе кишварҳои Африқо ҳизби динии Боко Ҳарам намегузорад, ки мардум зиндагии осоишта дошта бошад. Мисри Арабро пеши назар биёрем, “Ихвон-ул-муслимин” ин кишварро ба хун оғушта кард. Ҳоҷат ба Сурияву Ироқ ва Лубнон нест. Аксари даргириҳо ва ё актҳои террористие, ки дар Покистон рух дода истодаанд, одатан масъулияташро ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ба зимма мегиранд.
Инчунин даргириҳо дар мамолике бештар рух дода истодаанд, ки дар онҳо бисёрмазҳабӣ дида мешавад.
Яъне кишваре ба нооромӣ гирифтор мешавад, ки дар он ҳизби харакатери динӣ, ба хусус исломидошта фаъолият дошта бошад. Зеро мақсад аз таъсиси ин гуна ҳизбҳо ноором кардани мардум ва ба хун кашидани ҷомеа аст. Ба бозӣ кашидани ҳисси динии мардум ва ба ғаразҳои нопоки худ истифода бурдани Ислом ба ҳисоб меравад. Ҳамаи инро таърихи кишвари мо дар мисоли фаъолияти ҳизби террористии ҲНИ нишон дод. Ин ҳизб мардумро на ба ваҳдат ва ризояти миллӣ, балки ба фитнаву ҷудоиандозӣ мебурд. Идеологияш низ барои мазҳаби мо бегона буд. Худи саркардаи ин ҳизб Саид Абдуллои Нурӣ соли 2006 гуфта буд: “Агар бо ҳамин ҳолате, ки ҳизб дорад, ба қудрат расад, ҳам исломро ва ҳам миллатро шарманда мекунад.”
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо пайдо шудани ҲНИ дар арсаи сиёсати Тоҷикистон ҷомеаи мусулмони кишвар ба бисёрмазҳабӣ кашида шуд. Агар давоми садсолаҳо дар Тоҷикистон аксаран суннимазҳаб буданду аз Имом Абӯ Ҳанифа пайравӣ менамуданд, пас ҲНИ ҷомеаро ба мазҳабҳо тақсим кард, то ки бесуботиро бештар кунад.
--Дар ибтидо пайравони ҲНИ ба хотири шуҳрат ёфтан ба масъалаҳои марбут ба урфу одат даст заданд. Бо фикрҳои “ваҳҳобигарӣ” пайдо шуда, онро бо афкори сиёсии “ихвониҳо” омезиш доданд. (Асари М.Ҳимматзода “Ақидаи Имом Абўҳанифа” саршор аз андешаҳои ваҳҳобигарӣ мебошад).
Аммо баъд аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оғози фаъолияти ҲНИ дар Тоҷикистон яку якбора авзои эътиқодии ҲНИ дигаргун шуд. Миёни пешвоёни ҲНИ ва элитаи он назарияҳои ташайюъ пайдо ва ин ақидаҳо дар рўзномаи “Наҷот”-и ҲНИ чоп мешуд. Парастиши лидерони худ, бӯсидани дасти онҳо, носазо нагуфтан дар ҳаққашон дар ғоиби онҳо ин ҳама сохтори шиагиест, ки дар ҲНИ истифода мегардид. Яъне ҲНИ зоянда ва паҳнкунандаи ғояҳои ваҳҳобият, салафиҳо, таҳрирчиён ва дигар равияҳои тундгаро дар байни сокинони Тоҷикистон мебошад.
Даъватҳои саҳмгирӣ дар ваҳдат ин хокпошӣ ба чашм асту худфиребию авомфиребӣ мебошаду бас. Пайдо шудани ин гуна даъвоҳо танҳо ба хотири ноором кардани вазъ ва додани ҳисобот оид ба корҳои анҷомдодаи ҲНИ дар пеши маблағгузорони хориҷист.
ҲНИ ба зоту худ, ба кору фаъолияташ ба мардуми Тоҷикистон ваҳдатро не, парокандагиро оварданӣ буд, ҳамдилиро не, ҳамдигаркуширо доданӣ буд ва хуб шуд, фаъолияти он дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон гардид.