Ташкилотҳои дар ҷамъият беқадру ҷудоиандози қарни XXI

Дар яке аз гузоришҳои хеш Саидюнуси Исторавшанӣ бо маълумоти дурӯғини хеш боз як туӯҳмати дигарро болоихалқи тоҷик ва намояндагони он бор кардааст. Ў аз номи яке аз нафарон як гуфтаи Кабириро мисол меоварад, ки кас хандааш меояд.Ин суханҳои гӯё Муродулло Давлатов, раиси вақти Кумитаи дини Тоҷикистон аст, ки аз номи хоинони миллат бардурӯғ оварда шудааст: ““Мо бояд коре кунем, ки дин дар чашми мардум беобрӯ шавад… Коре кунем, ки дар сари минбар одамони бесавод ва муттаҳам бошанд, ки ҳукумат лаҷоми онҳоро дар даст дорад. Имом-хатибе, ки мустақил аст, савод дорад, маҳбубият дорад ва пеши мақомот муттаҳам нест, ӯ барои мо хатарнок аст, ӯро бояд аз минбар дур кард…”

Мо шаҳрвандони Тоҷикистон бо чунин корҳои ЊНИ одат кардаем ва чунин гапшои барои мо нав нест. Чунин нафронро аз барномаҳои телевизионӣ бо андоми ҳайвонсимо мебинем ва тарсу ҳарос моро фаро мегирад.

Ин ашхосон зери ташкилотҳои хориҷа амал карда, сулҳу осоиштагӣ, Ватан, марз, сулҳ ва амсоли инҳоро мефурӯшанд ва ҳеҷ гоҳ намехоҳанд халқи тоҷик пеш равад. Бояд гуфт, ки халқи тоҷик имтиҳони сангинеро дар ду даҳсолаи охир гузаронидааст, вале падидаҳои номатлуби ҷомеа боз кӯшиши барпо намудани ҳаёти сангинро дар кишвари мо доранд.

Ҳоло маром ва мақсади халқи тоҷик ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ буда, барои насли ояндаи худ онро қавитар сохта пешкаш намудан мебошад. Кинаву нифоқи душман, пойдории хусумати парокандагӣ дар мобайни халқҳо ва барпо намудани бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ мебошаду халос.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба Тоҷикистон сарвар интихоб гардиданашон танҳо аз вартаи ҳалокати фоҷиаҳои душманони хориҷиву дохилии кишвар озод намудани мамлакатамон буд. Вале душманон аз харобазорҳои дар Тоҷикистон барпо намудаашон рӯҳ мегирифтанд ва ҳоло бошад аз оромии кишварамон ҷомаи сиёҳ ба бар намуда мақсад доранд нобасомониҳо дар кишвари мо барпо шавад ва онҳо либосҳои тӯёна пӯшида табли шодӣ зананд.

Ҳадафи навбатии ғаразмандонаи онҳо танҳо Тоҷикистонро ба майдони ҳарбу зарб табдил дода худ тамошобин ва таъминкунандаи яроқу аслиҳаи қатли мардуми осоиштаи он гардидан асту халос. Онҳо ҳасудхӯрони миллати тоҷик буда гулгулшукуфии Тоҷикистон онҳоро кӯр намудааст, ки ҳатто бародару хоҳари худро намешиносанд.

Ҳоло Пешвои миллати мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сипар барои халқи дӯстдоштаи худ мебошанд, танҳо ва танҳо роҳи ҳалли ба муросо кӯчонидани падидаҳои номатлуби ҷомеаро мақсад доранд.

Миллати тоҷик танҳо барои таҳкими сулҳу ваҳдати на танҳо Тоҷикистон балки тамоми ҷаҳон камар бастааст. Фитнаву бӯҳтонҳои сароидаистодаи душманони оромиву осоштагӣ ба гӯши Тоҷикистониён намедарояд. Зеро мафҳумҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, ягонагиву иттиҳодӣ ва ваҳдати сартосарӣ мавзӯи аосии ҳаёти мардуми осоишта гардидааст. Мақсади асосии ҷамъияти мо ин танҳо роҳ надодан ба терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад.

Мо бояд омӯзгорон донишандӯзони худро бо сиру асрори Ваҳдат таҷҳизонем то, онҳо ба мафҳуми ваҳдат ошно гарданд ва донанд, ки ваҳдат ин пойдевори миллату давлати мустаҳкам аст ва дар он қавииродаҳо зиндагиву фаъолият доранд ва душманони ин сохти давлат аз сояи ин ваҳдатофару ваҳдатмустаҳкамкунандаҳо метарсанд.

Дар айни замон чароғи кӯчаҳои ваҳдат дар кишварамон он душманонро намегузорад, ки зери пои худро бинанд ва пойи халқи бо ваҳдат обутобёфтаро каҷ гиранд. Нури ваҳдат танҳо бо ваҳдатофарину ваҳдатсароён ва ваҳдатбунёдкунандаву ваҳдатсохтагон дар кишвари Тоҷикистон рӯшноӣ карда истодааст ва хоҳад кард, вале барои душманони ваҳдати пойдор роҳи дунёи ояндаи (охирати) инсониятро нишон медиҳаду халос. Ҷавонони тарбияву таълим дода истодаи мо ҳуҷайраҳои бо чашм ноаёни Ваҳдат мебошанд, ки дар якҷоягиву мустаҳкамшавӣ ваҳдати ба чашм аёнро ташкил менамоянд ва ҳамин тавр Ваҳдат аз ваҳдати иттифоқиву иттиҳодии мардум дар Тоҷикистон ташаккул ёфтааст ва ҳосили пурсамари он дар ҳар як гӯшаву канори кишварамон ба назар мерасад, ки сабабгори ин танҳо Пешвои миллатамон мебошанд ва халқи тоҷик ӯро Ваҳдатофар меноманд ва аз паи иҷроиши қарору фармонҳои вай мебошанд.

Ахмедова З.Д. муовини декан оид ба тарбияи факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ