​Дўстӣ кардан одати некон некон бувад…

Дар урфият мегўянд, ки агар ҳамсоя тинҷ бошад, мо ҳам тинҷ. Мутаасифона дар ҳамсояи ба мо дўсту бародар Афғонистон солҳои тўлони ҷанги бародаркуш идома дорад. Бо баробари мамлакатиАфғонистон, инчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки бароихомўш кардани ин ҷанги бародаркўш чорабиниҳои зиёде ба анҷом дода истодаанд.

Роҳбари давлат борҳо аз минбари Созмони миллалӣ муттаҳид оид ба пешгирии таҳдиди созмонҳои террористии байналҳалқӣ фикру дархости худро баён карданд. Мардуми тоҷику афғон бо ҳам наздик буда аз қадимулайём дўсту бародар мебошанд. Аммо созмонҳои террористию экстремистии байналхалқӣ кўшиш карда истодаанд, ки муносибати дўстии ду мамлакатро халалдор созанд. Ба хотири бартараф кардани ин хатарҳое, ки мамлакати Афғонистонро ба майдони ҳарбу зарб табдил додааст, санаи 14 – 15 – уми январи соли равонбосафари корӣ Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Зиё Сироҷ ба Ҷумҳурии Тоҷикистономад ва бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии тоҷикистон Саймумин Ятимовмузокирот ташкил карда шуд. Дар ин музокирот масъалаҳои асоси оид ба таъмини амнияти минтақа, суботу оромии ҳарду кишвари бо ҳам ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги бародаркушрро дар муддати кўтоҳ хомўш карда тавонист ва мамлакатро дар солҳои на он қадар тўлонӣ ба як кишвари орому зебо табдил дод. Бештари мамлакатоне, ки дар онҳо ҷанги бародашкуш сарзадааст, таҷрибаи амали сулҳҷўёнаи мамлакати моро меомўзанд.Мардуми тоҷик ҳамеша кўшиш ба он медиҳад, ки зери сиёсати хирадмандона, сулҳпарваранда, созандакории сарвари худ Пешвои миллатро дастгири карда намегузорад, ки ягон афроди бегона, ягон террористу экстремист оромии кишвари биҳиштосоӣ моро халалдор созад.Ба диққати аъзоёни ҳизбҳои ифротгаро ҳаминро гуфтанием, ки мусулмони ҳақиқӣ кист?

Дар ҷавоб гуфтаанд, ки мусулмони ҳақиқӣ ҳамон шахсест, ки он чизе ба худ раво намебинад, ба дигарон раво набинад. Пас, Шумо бо кадом мақсад оромиро халалдор месозед, байни мардум ноиттифоқиро мехоҳед.Афроде, ки ба ин корҳо даст мезанад, дар хотир дошта бошад, ки дар урфият гуфтаанд: бори каҷ ба манзил намерасад.

Мо омўзгорон кўшиш ба харҷ дода истодаем, ки ҷавононро дар руҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намоем ва нагузорем, ки аъзоёни ҳизбҳои ифротгаро онҳоро фирефтаи доми худ созанд.

Ҷомеаи факултети математикаи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ