​Зафар Сӯфӣ дуздест, ки бо чароғ омада...

29 январи соли ҷорӣ дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” матлаби Зафар Сӯфӣ зери унвони “Маҳалгароӣ” нашр гардид, ки сар то по муғлақ ва муғризона мебошад. Ҳини хондани маводи мазкур аз сархати аввал то хулосаи бемантиқ хонанда пай мебарад, ки Зафар Сӯфӣ барои чӣ ва чаро чунин мавзӯъро расонаӣ намудааст?! Хоҳ нохоҳ, симои дар паси парда будани шахси сеюм, яъне фармоишгар байни нигоранда ва хонанда, ба назар ҳувайдо мегардад...

Агар, ки ӯ худро кадом қаламкашаку журналистаке мегирад маълум нест. Вале равшан аст, ки матлаби мазкур дар доираи ҳеҷ яке аз жанр ва ё қолаби нигорандагӣ нест. Муаллиф маводро бо ташбеҳи бемантиқ оғоз намуда, маҳалгароиро ба наҷосат ва лаҷанзор монанд мекунад. Вадар сархатҳои баъдӣ худ надониста мемонад, ки чӣ тавр наҷосатро пахш намуд ва аз бӯйи бадаш ҳаворо олуда ва табъҳоро хира кард. Сонӣ ба лофзаниҳои подарҳаво мепардозад.

Мавзӯи мавриди баҳсро, ки маҳалгароист, муаллиф як сӯ гузошта, ба масъалаи дигар “баднафсона”-ву ғаразмандона по мезанад. Ӯ бо андешаҳои муғризонаи хеш мехоҳад ба Ваҳдату ягонагии мардуми мо по занад ва ба андешамандоне мисли худаш тухми кинаву адоват ва ҷудоиву ғаразро шинонад, ки ин аз афкори ҳадафмандонаихоҷагонаш аст, ки бо дасти чун ту нафарони беору бенанг амалӣ мегардад.

Ӯ матнро чунин шурӯъ мекунад ба тахмин, фарзия ва хулосабарориҳои бемантиқ. Ибораи “бархе мегӯянд” ва ҷумлаи “Шояд чанд тан ба ҳар роҳу васила худашонро ба арикаи қудрат наздик карда соҳиби молу манол ҳам шуда бошанд...” –и Зафар Сӯфӣ аз он далолат мекунад, ки ӯ ҳар чӣ ки хоҷагонаш гӯянд бечунучаро бетаҳлилу омӯзиш нигоштан мегирад. Муҳтарам “журналист” тахмину овоза кори кампиракони лаби ҷӯст. Гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки замоне барои мансабдорон ҷиҳати беҳтар хидмат намудан ба мардум бо мазмуни ба ёд оред то мансабдор шудан чи аҳвол доштед, гуфта буд, муғризона маънидод ва ба хонанда пешкаш кардааст. Дар Паёми солонаи худ низ ба ин ҷиҳати масъала таъкид карда буданд: “Мо бояд ба халқ хизмат кунем, на халқ ба мо!”

Муроҷиат ба Зафар Сӯфӣ: Мардум хуб медонанд, ки Пешвои миллат ғамхору пуштибонашон аст. Ҳоҷат ба зикр ҳам нест. Он чӣ аён аст. Аммо шумо ноинсофона ва ноҷавонмардона он пешравиҳое, ки дар тӯли соҳибистиқлолӣ ба вуқӯъ пайваст, нодида гирифта, “аз зери нохун чирк кофтан” доред.

Магар мо намедониста бошем Зафар Сӯфӣ бароямон “гӯшзад” кардааст, ки шаҳри Исфара дар куҷост ва саводнокиву заҳматқаринии мардумонаш дар чӣ ҳад аст. Пас аз он, дар чанд ҷумлаи носуфта, ки вожа-вожа аз қабили “воқеъиятҳо”, “килуметр”, “қиррезӣ” хатост,боз мепардозад ба тахминзаниву лофгӯйӣ.

Дар қисматҳои дигари мавод муаллиф ба масъалаҳое мепардозад, ки аслан ба сарлавҳаи гузоштааш ҳеҷ рабте ва пайвандие надорад. Сар то по матлаби нашргардида иборат аз тахмин, фарзия, калимот ва ҷумлаҳои носуфта мебошад. Агар дақиқан матлабро қироат намоем, ба хулосае меоем, ки муаллиф ду ҳадаф дар пушти парда дорад: Аввалан, хости хоҷагони аврупоиашро бароварда намудан, дуюман, ватанфурӯш будани худро сидқан собит намудан...

Дигар барои ӯ Ватан, миллат, арзише надорад. Меъёрҳои касбӣ ва ифтихори ватандории ӯ қурбони зери пову манфиатҳои хоҷагонаш гардидааст. Зафар, ки гоҳ-гоҳе норавшан ва хира дар матбуот пайдо мешуду даҳон во меард имрӯз бо тамоми имкону тавоноӣ баллегӯяки “падарон”-и моддиаш гаштааст. Ӯ қурбони пулпарастиву лагандбардории хоҷагони манфиатхоҳаш буда имрӯз аз имону виҷдоне, ки садо мезад нишоне намонда баръакс бевиҷдонтару беору номус гаштааст. Оне ки ду калимаро ба ҳам пайваст мекунад ва ба сӯйи мардуму миллати худ санг мепартояд, журналист нест ва табиист, ки рӯшанфикр ҳам нест ва ҳатто нанг ҳаст худро қаламкаш унвон намоӣ. Чун қалам аз ту нафрин дорад! Чи хуб гуфта, Аҳмади Шомлу: “Оне, ки дарду дармони тӯдаҳоро надонад ва нашносад, рӯшанфикр нест. Балки дуздест, ки бо чароғ омада.”

Зафар Сӯфӣ онест, ки мехоҳад андешаҳои созандаи мардумро оганда ба ҳадафҳои нопоки худу хоҷагонаш намояду дар байни мардум парокандагиву ҷудоиро бедор созад. Аммо ҳайҳот, ин пасттинатону фурӯхташудагон наметавонанд иттиҳоду ваҳдати моро рахна созанд ва ба ҳадафи нопоки худу хоҷагонашон раванд. Эй ҳайф ва войи Шумон, ки имону виҷдонатонро ба фуруши умум гузоштед!

Ҳомидова М.

Кафедраи журналистика



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ