​Боз як хиёнати Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва роҳбарони хоину фурухташудаи онҳо тайи фаъолияти чандинсолаи худ дар Тоҷикистон аз имону эътиқоди мардуми кишвар истифода карда, бар ивази ҷони онҳо ҳокимияти ифротиву ғайриинсонии худро мисли Давлатии террористии исломии Ироқу Шом (ДОИШ) дар Осиёи Миёна, аз ҷумла кишвари мо барқарор карданӣ буданд. Ҳарчанд дар гузоришҳои худ Муҳиддин Кабирӣ – роҳбари ин созмони террористӣ кўшиши аз об хушк баромаданро карда, бардуруғ аз ислом ва қоидаҳои исломӣ ҳарф мезанад, вале санадҳо ва далелҳои шайъӣ чизи дигарро нишон медиҳанд. Ин ҷо мо дар мавриди тақдири як нафар шаҳрванди Тоҷикистон нақл мекунем, ки бо дассисаву фиреби роҳбари ТТЭ ҲНИ дар ноҳияи Спитамен Сайфиддин Тоҷибоев ба Сурия рафта, шахсан, дар воқеаҳои хунини террористӣ ширкат намудааст. Ин нафар Комил Шукуров мебошад. Комил Шукуров пас аз хатми мактаб ба Федератсияи Руссия барои дарёфти ҷойи кор мерафт ва ҳамин тариқ ҷиҳати таъмини зиндагии осоиштаи аъзои оилааш кўшиш ба харҷ медод. Аммо Сайфиддин Тоҷибоев, ки айни ҳол дар минтақаҳои ҷангии давлати Сурия қарор дорад ва хамеша бо супориши Муҳиддин Кабирӣ аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро дар ин минтақа гирд меоварад, Комил Шукуровро бо ваъдаи омўхтани илм дар кишвари Туркия онро ба назди худ даъват мекунад. Вақте Комил Шукуров ба Туркия меравад, ўро як нафар шаҳрванди Қирғизистон пешвоз гирифта, ба Сурия мефиристад. Бо ҳамин усул Комил Шукуров ба доми ифротии террористи гузаро, дўсту бародари Муҳиддин КабирӣСайфиддин Тоҷибоев меафтад. Ин як далеле ба шумор меравад, ки алоқаи байни ТТЭ ҲНИ-ро бо ДОИШ нишон медиҳад. Имрўз на ин ки аъзоёни ин ташкил дар кишвари Сурия қарор доранд, балки шахсан худи Кабирӣ низ аз роҳбарони ДОИШ супориш гиифта, онро дар қаламрави Осиёи Миёна татбиқ менамояд. ТТЭ ҲНИ қаноти Осиёи Миёнагии ДОИШ буда, имрўз бо далелҳои рўшан собит шуда истодааст, ки Муҳиддин Кабирӣ ба унвони Амир ин қанотро роҳбарӣ мекунад. Тавре аз гуфтаҳои Комил Шукуров бар меояд Сайфиддин Тоҷибоев дар байни чунин гуруҳҳои террористӣ мақоми хоса дошта, ҷойгоҳи баландро касб кардааст ва сухани ў дар Сурия барои роҳбарони ДОИШ ба ҳукми қонун аст. Зеро пуштибони асосии ў Муҳиддин Кабирӣ ба шумор меравад, ки ў аз Сайфиддин Тоҷибоев ҳамчун саги вафодор миннатпазир аст. Комил Шукуров ягона нафаре нест, ки ба Сурия сафар карда бошад, балки то ба ин сарзамини ҷангзада рафтани ў миқдори ҳамсафонаш ба 13 нафар мерасад. Сайфиддин Тоҷибоев тарбиятдидаи лагерҳои террористии ДОИШ буда, ҳар нафари ба ин хоки сиёҳ воридшударо ба лагери Лазиқия барои тайёрӣ ба ҷанг мефиристад, ки ин албатта оқибати хуб надорад.

Дигар аз масъалаҳое, ки исботи худро ёфтааст, ба маблағи ночиз фурухтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба мисли Комил Шукуров садҳо нафар шаҳрвандони кишвари мо аз ин хиёнати имониву инсонии аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва роҳбарони онҳо ба мисли Муҳиддин Кабирӣ ва атрофиёни ў ҳарф мезананд, ки ин албатта боиси таассуф мебошад.Сайфиддин Тоҷибоев бо Амири гуруҳҳои террористӣ робитаи мустаҳкам дошта, ҳатто Комил Шукуровро барои ба назди модари бемораш рафтан шахсан аз Амир иҷозат гирифтааст.

Саргузашта як нафар шаҳрванди Тоҷикистон Комил Шукуров худ баёнкунандаи он аст, ки имрўз сиёсигардонии дини мубини ислом дар Осиёи Миёна танҳо аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо суръат идома ёфта, бо як мақсад, яъне бо роҳи табаддулот ба даст овардани ҳокимият ва ташкили давлати исломӣ мебошад. Барои ин аз тамоми роҳу васила, аз ҷумла фиреб, дассиса, таҳқир, таҷовуз, қатл, куштор, аз байн бурдани чеҳраҳои сиёсӣ, аҳли зиё ва ғайра ба таври васеъ истифода мебаранд.

Пайвастани аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба сафи ДОИШ худ далели андешаҳои ифротӣ доштани ин ташкилоти террористӣ-экстримистӣ ба шумор меравад, ки бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҳақиқати ҳолро эътироф кунад. Мо аз тамоми мардуми кишвар даъват ба амал меоварем, ки ҷиҳати маҳкуми ҳаргуна ақидаҳои ифротӣ амалан кўшиш намуда, барои сарнагун кардани роҳбарони онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Каримов Кайхусрав – устоди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи аакдемик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ