​Андешаҳои олимони ҷавони донишгоҳ нисбати баромадҳои Илҳом Ёқубов дар нашрияҳои хориҷӣ кишвар

Рушду нумӯи кишвари азизамон Тоҷикистон солҳои охир назаррас буда, ин пешравиҳою вазифаҳои нав дар Паёми Президети кишварамон Эмомалӣ Раҳмон сабт ёфтааст.

Ба андешаи ман ва ҳамагон танқид ва ошкорбаёни падидаи созандаест, ки он ҷомеаи навини моро ба пеш мебарад. Дар ҳар соҳаи хоҷагии халқ камбудӣ шуданаш мумкин аст, вале онро таҳлил карда назари худро иброз кардан - ин омили муҳими пешравӣ ва ҳалли мушкилотҳо аст.

Дар ин ҷода бояд донист, ки расонаҳои хабарӣ набояд тамоюли низоангези, маҳалгароӣ, тафриқаандозӣ, таҳқири шахсиятҳои хизматнишондода бошад.

Ман, чун омӯзгор ба андеша меравам, ки тоҷикписаре, ки зодаи Хуҷанди бостонӣ асту Ватан дорад, вале беватан гаштааст, чӣ мақсад дорад. Оё ӯ падару модар, авлодони худро сияҳ намегардонад. Ӯ ки Илҳом Ёқубов буду чанде роҳбари гурӯҳи ҲНИ дар Хуҷанд гардида, чӣ мақому манзалат дорад, ки ӯ ватану замину мардумони худро ба чӣ даъват мекунад. Эй ҷавони имрӯзаи тоҷик, ки хизматгори хоҷагон шудаӣ, то ба кай лоф мезанӣ? Аҳли ҷамоатчигии шаҳри Хучанди бостонӣ, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои гуногун аз ин “гуфтор”, “озодаандешӣ” - и Илҳом Ёқубов дар ҳайрат мондаанд. Кас намефаҳмад, ки САҲА ва дигар ташкилотҳои дар Аврупо буда, пешравии Тоҷикистони азизи моро дида наметавонанд. Барои чӣ? Сабаб дар чӣ бошад? Мақсаду нияти онҳо ин вайронкориву, халалдор кардани Тоҷикистони азизи мо аст.

Пас, мо бояд ҳамеша бо донишу таҷриба, малакаю маҳорат, меҳнату меҳнатдӯстӣ, ободиву ободкорӣ - Ватани азизамон - Тоҷикистонро ҳифз менамоем. Поянда бод - Ваҳдати миллии халқҳои Тоҷикистон.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ