Факултети геоэкология: Паём ва рисолати созандаи он
Санаи 16-уми январи соли 2019 бо ташаббуси кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология бо мақсади тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, мизи мудаввар таҳти унвони “Паём ва рисолати созандаи он” ташкил ва баргузор карда шуд.
Чорабинии мазкурро декани факултет, дотсент Аминов М.Ҳ. ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати муҳими давлатӣ буда, барои рушди ояндаи кишвар дастури бевосита мебошад.
Баъдан, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Собиров М.С. доир ба нуқтаҳои асосии муҳтавои паём маълумоти муфассал пешниҳод намуда, даъват кард, ки дар мубоҳисаи масъалаи имрӯза ҳозирин мавқеи фаъолро ишғол намоянд.
Сипас, аз ҷониби муаллими кафедраи геоэкология ва методикаи таълим Тиллоев Н., сармуаллима Охунова С., муаллими кафедраи экология ва ҳифзи табиат Бахтиёров З.Б., дотсентон Толибов Ю.Р. ва Тошматов Б.А., оид ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таъмини соҳаи маориф бо кадрҳои баландихтисос, муҳимияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи усулҳои муосири техникии таълим ва ғайра суханронӣ намуда зикр доштанд, ки ҳар як омӯзгори факултет аз Паёми пурмуҳтавои Пешвои миллат илҳом гирифта, мебояд барои худ нақшаи мушаххаси фаъолиятро таҳия намоянд.
Хусусан, эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳамаи Тоҷикистониёнро ӯҳдадор менамояд, ки дар татбиқи ҳадафҳои ҷашнӣ масъулияти шахсиро ҳис намоянд. Баҳри расидан ба ҳадафи нави стратегӣ – саноатикунонии хоҷагии халқи мамлакат устодон зарур шумориданд, ки ба нақшаи таълимии ихтисосҳои мухталифи факултет ва барномаҳои таълимии фаннӣ ислоҳу иловаҳо ворид карда шавад.
Чорабинӣ дар руҳияи озодандешӣ ва созандагӣ баргузор гардида, аз ҷониби устодон ба садорати факултет пешниҳод гардид, ки таҳияи нақшаи чорабиниҳои мушаххас дар сатҳи кафедраҳои факултет мувофиқи мақсад мебошад ва барои дар сатҳи зарурӣ тарбиғу ташвиқ намудани муҳтавои асосии Паём ташаббускориро ба даст хоҳанд гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил