​Изҳороти устодони кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ

Аз таърихи халқи тоҷик медонем “Босмачӣ” гуфта он ашхосонеро меномиданд, ки ба мардуми камбағалу бечора зулму ситам мекарданд, молу мулкашонро таллаву тороҷ менамуданд ва халқи бегуноҳро мекуштанд, яъне онҳо зидди давлат буданд. Ҳукумати Советӣ ба ҳамаи ин бесарусомониҳо хотима дода, ба муқобили босмачиён ғалаба ба дастовард. Вале дар ин рӯзҳо ашхосоне пайдо шуданд, ки дастоварду пешравиҳои кишвари соҳибистиқлоли моро дида наметавонанд. Бо супориши хоҷагони туркнажод разилон ин хунхорони“босмачӣ”-ро таъриф карда, мафкураи мардумро ба дурӯғгӯии Раҷабиён ва пайравонаш бовар кунонданӣ мешаванд.

Имрӯз Муҳидин Кабирӣ образи босмачиро ба худ дорад. Ин гурӯҳи ифротгароӣ ва дигар аъзоёни гурӯҳи хориҷиашон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки амнияту осоиштагии кишварро халалдор сохта, мехоҳанд, ки сиёсати давлатиро дар ихтиёр дошта бошанд. Имрӯзҳо ин нафар ашхосон ба монанди Кабирӣ ва пайравони ӯ аз босмачиву босмачигарӣ ҳарф мезананд. Кабирӣ худро насли саввуми босмачиҳо хондааст. Имрӯз мардуми тоҷик дубора ба ақидаҳои иғвоангезандаи ӯ бовар намекунанд. Дар симои чунин ашхосон ”Босмачиёни асри навро ”-ро мебинему барояшон нафрат мехонем.

Ин хоинони давлат пешравиҳои Тоҷикистонро дида натавониста, обрӯю эътибори кишварро дар байни давлатҳо паст заданӣ ҳастанд, лекин мо мардуми ориёнажод намегузорем, ки ин бадхоҳон корҳои разилонаи худро дар паси пардаи худ амалӣ намоянд. Мо тарафдорӣ онем, ки ин гуна ашхосон бо ёрдами мардуми тоџик несту нобуд карда шавад ва нагузорем, ки ба ватани азизи мо доѓи нанговар гузоранд.

Мо низ аҳли маорифчиён пайваста талош меварзем, ки каме бошад ҳам барои несту нобуд кардани ин гуна ашхосони разил, ки онҳо на ватан доранду на ҳисси ватандорӣ нафъи худро расонем ва бо донишџўён корҳои фаҳмондадиҳӣгузаронем, то ки ин гуна бадбахтон зарари худро ба Тољикистони биҳиштосо нарасонанд.

Мо зиёиён пайваста кӯшиш мекунем, ки ба мардум, махсусан ба насли ҷавон ҳақиқати ақидаҳои Кабирӣ ва пайравони ӯро фаҳмонем ва ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбия намоем. Бо ин васила мо пайравони Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳу осоиштагии кишварамон саҳми худро гузорем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ