Ба дилу дидаи дӯстон бояд тухми меҳру муҳаббатро пошид
Баъди ҳодисаҳои сарҳадӣ дар деҳаи Ворух гӯш ба қимор шуда аз расонаҳои хабарӣ маълумот мегирам.То ҳанӯз нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд байни давлатҳои ҳамсоя низоъ ангезанд. Зеро, байни Тоҷикистон ва Қирғизистон қарордодҳои дуҷониба доир ба амалҳои махсус мавҷуд мебошад, ки мувофиқасозии ҳарду ҷонибро тақозо менамояд. Мутаассифона, гирифтани гаравгонон, сангсоркунии дастаҷамъона, истифодаи силоҳи шикорӣ ва дигар амалҳои номатлуб нишон медиҳад, ки гурӯҳи муайяни ифротиён мавҷуданд. Хуб медонем, ки мобайни миллатҳои соҳибтамаддуни олам миллатҳои тоҷику қирғиз мавқеи хосаро соҳиб мебошанд ва тӯли садсолаҳо дар мавзеҳои зикрёфта паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагонӣ менамоянд. Вале, баъзе нафарони ношукр фирефтаи доми нокасони хориҷӣ шуда ҳаракат доранд, ки оромии мавҷуда дар сарҳадро халалдор намоянд. Ҳама медонанду медонем, ки мардуми Исфара воқеан мардуми заҳматкаш, сабур, сахткӯш, сарбаланд ва босавод ҳастанд. Таваҷҷӯҳи мардуми ин гӯшаи ватан барои таҳсили фарзандонашон воқеан қобили таҳсин аст. Фақат як рустои Чоркӯҳ ва ё Ворух ва ҳар рустои дигар бо даҳҳову садҳо тан фориғуттаҳсили донишгоҳҳо ва мутахассисони соҳибандеша боиси ифтихор аст.
Магар дуруст аст, ки як нафар соҳибмансаб аз ҷумҳурии ҳамсоя ба манфиати шахсии худ такя намуда оромӣ ва ҷони ширини чандин нафарро аз ҳарду ҷониб ба хатар мондааст.Набояд ба дасисаҳо дода шавем. Хоса, ба эҳсосот. Мо ба ҳар ҳол шамсоя ҳастем. Сайидо мефармояд:
Дар дидае ки ғайр кунад хона кӯр беҳ,
Чашме ки сурмадон шавад, он чашм бастанист.
Аз ин хотир, ба дилу дидаи дустон бояд тухми меҳру муҳаббатро пошид.
Бобоев Э.- устоди ДДХ