Изҳороти факултети устодони факултети забонҳои хориҷӣ
Вазифаи ҳар як ватандор дар замони муосир суботи комили сиёсиро риоя намудан мебошад, ки ин маром ва мақсади на танҳо зиёиён, балки ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти тоҷик аст. Миллати тоҷик ба мафҳум ва мазмуни сулҳ ва осоиштагӣ нисбати дигар халқияту миллатҳои Осиёи Миёна бештар сарфаҳм меравад. Сабаби инро ҳар як ватандӯсту дилогоҳ хуб медонад, ки ин воқеотҳои нангин ва гӯшношуниди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст.
Акнун бошад кумитае бо номи кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, дар шаҳри Берлини давлати Олмон, санаи 10-уми декабри соли равон дар назди сафорати Тоҷикистон гирдиҳамоӣ ташкил намуданд. Сабаби танҳо ин санаро интихоб намудани “онҳои миллатпарвар” он Рӯзи байналхалқии ҳуқуқи инсон буданаш аст. Гирдиҳамои ташкилкунандагон Рӯзи байналхалқии ҳуқуқи инсон кай буданашро медонанду, вале дар амал танҳо барои поймоли ҳуқуқи ҳаммиллатони худ мебошанд. Дилаки бечораи онҳо танҳо оппозитсияро мекашад, то ки онҳо аз нав бесомониҳои нав ба навро дар мамлакати соҳибистиқлоли Тоҷикистонбаргузор намоянду онҳо тамошобин шаванд ва бетарафии худро ба халқ нишон диҳанд.
Онҳо ба қавли худ Зайд Саидов, Маҳмадалӣ Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёрови бегуноҳро дастгирӣ карданианд. Мақсади гирдиҳамои ташкилкунандагонтанҳо халал расонидан ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Онҳо худ медонанд, ки ҳуқуқи киро ҳимоя карда истодаанд, яъне ҳуқуқҳои вазири собиқи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайд Саидов, вакили дифо Бузургмеҳр Ёров ва ва муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳаитро ки бо тамаъҷӯиву фисқу фасодкорӣ дар байни мардум шинохта шуда яке аз сарватмандони давлат гардида буданд.
Акнун гирдиҳамои ташкилкунандагон гарданашонро каҷ намуда барои баргузор намудани гирдиҳамоӣ зидди сохти сиёсии ватани ба воя расидаву хуни нофашон рехта дар Аврупо иҷозат гирифта,гирдиҳамоӣ ташкил намуданд. Аммо афсӯс муроде ҳосил нанамуданду танҳо дар таърих номашон бо рахназанандаи сулҳи осоиштаи Тоҷикистон монд. Аммо онҳо дили мардуми осоиштаи тоҷикро нисбати худ монониданд. Онҳо ватандӯстон нестанд, хоинони миллтанд.
Ба гирдиҳамоигарон нафрин мехонем, зеро онҳо ба рӯи давлати тавлид гаштаву ба воя расидаи худ, пои хордори худро ниҳоданд. Онҳо шарм накарда аз ким кадом полиси қатории Олмон иҷозат пурсиданд то гирдиҳамоӣ зидди ватани хуни нофашон рехта баромад кунанд.
Гирдиҳамои ташкикунандагон мебояд аз кардаҳои худ пушаймон шаванду номи миллати худро ба ҷаҳониён бо дастовардҳои нав ба нави кишварашон зери ливои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намоянд. Нагузоранд ба пои ҳаммиллатони худ хоре дарояд. Аз тӯҳматгароиву буҳтонсароӣ нисбати Тоҷикистони соҳибтамаддун даст кашанд.