Гузашт бояд аз ҳар ду ҷониб бошад
Дар сар задани муноқишаҳои марзӣ ҷониби севум манфиатдор аст. Аз ин рӯ, шароити зиндагии сокинони наздимарзиро беҳтар бояд кард. Ҳарчанд шароит барои зиндагӣ кардан вуҷуд дорад, вале бояд хубтар кард. Бояд давлат ба мардум шароити хуби зиндагӣ фароҳам кунад, ба об дастрасӣ дошта бошанд. Нисфи зиёди хатти марзӣ муайян шудааст, вале минтақаҳои мушшахасношуда ҳамчунон вуҷуд доранд, ки рустои Ворух аз ҷумлаи онҳост. Муноқишаҳо миёни сокинон танҳо дар минтақаҳое сар мезананд, ки хатти марзиаш то ҳол муайян карда нашудааст.
Моён муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро “нуқтаи хатарафзо” меномем, барои ҳалли он сиёсати мустақилонаи ҳар ду ҷонибро лозим медонем.
Ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон ният доранд маҳз ҳамин масоили марбут ба аломатгузорӣ шудани қитъаҳои баҳсии сарҳадиро рӯзҳои наздик баррасӣ кунанд. Гуфта мешавад, ки баъди ин посгоҳҳои марзӣ аз марз бардошта шуда, дар деҳоти тоҷикиву қирғизие, ки моҷаро бархост, патрули низомӣ ба намояндагӣ аз ҳарду ҷониб назорат мебарад.
Муҳимтарин баҳс – аломатгузорӣ шудани қитъаҳои баҳсии сарҳадии ду кишвар бояд дар ҷараёни музокираҳои байниҳукуматӣ ҳаллу фасл шавад.
Тоҷикистон дар баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон гузаштҳои зиёде кардааст ва минбаъд ҷониби Қирғизистонро зарур аст, ки барои таъмини субот дар ин минтақа ба гузаштҳое розӣ шавад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб беш аз 470 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамин номуайянӣ боис мешавад, ки сари чанд вақт сокинон барои сохтмони роҳ ва обу чарогоҳ бо ҳам даргир шаванд.
Умедворем, ки Тоҷикистону Қирғизистон, низ ба наздикӣ ин мушкилии худро ҳал хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки воситаи беҳтарини мубориза бо тундгароиву ҷаҳолат талқини маърифати солими дунявӣ ва омӯзиши илму дониши замонавӣ мебошад. Ҳар як фарди соҳибфарҳанги кишвар, бахусус ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии маънавиро аз даст надиҳанд, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯтиро оқилона пайгирӣ намоянд.
Аз ин рӯ, устодонро зарур аст, ки ҳар гуна маҳфилҳо ва суҳбатҳо оид ба мавзӯъҳои дар боло зикргардида гузаронида бошанд ва дар замири ҷавонон меҳри Ватан, муҳаббат ба ин хоку оби аҷдодӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи инсониро парваранд.
Аз номи устодони кафедраи грамматикаи забони арабӣ