Изҳороти устодони факултети педагогӣ роҷеъ ба “Ҷузъиёти боздошти Шарофиддин Гадоев дар Маскав”
Рӯзҳои охир ҳама шабакаҳои иҷтимоиву сомонаҳое, ки худро “озодихоҳ” ва “ватандор” меҳисобанд, бонг зада истодаанд, ки гӯё яке аз саркардагон ва сарвари ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» - Шарофиддин Гадоевро давлатдорон ва мақомотҳои қудратии Тоҷикистон иҷборан ба Тоҷикистон оварда, ӯро барои изҳорот намудан водор намуда бошад. Вале ҳангоми тамошои изҳороти Гадоев Шарофиддин бинандаи оддӣ низ самимона ва бе ягон хел маҷбурӣ ифода ёфтани онро ҳис менамуд.
Аммо мухолифинони “ватандор” –и беватан онро ба худ қабул накарда,шӯру ғавғо бардошта истодаанду ҳатто мехоҳанд бо тӯҳмату бӯҳтони бардурӯғи худ ҷаҳониёнро “ҳушдор” созанд, ки Шарофиддин Гадоеви бо амри дили худ, аз карда пушаймону ба ватан баргаштааст, маҷбурӣ асту бо зӯриву зорӣ ба ватан баргардонида шудааст. Ин бофтаву дурӯғҳои ононро бинед, ки “ба сараш халта пӯшонидаанд...”, “ӯро маҷбуран бурданд...”, “вай Тоҷикистон баргаштанӣ набуд...” ва дигару ва ҳакозо...
Ҳой мардуми “ҳуқуқдон” –у “озодихоҳ” ба сари худ бигиред, ки Шарофиддин Гадоев дигар аъзои ҳаракати шумо нест, дигар хидматгори хоҷагони шумоён нест! Ӯ чун Додоҷони Атовулло ва Аёмиддин Сатторов ба ватан баргашт, аз кардааш пушаймон аст ва бо чашми дил дида истодааст, ки ватан обод гардидаасту онро дигар рушду тараққиёти шумоён мекардагиву мехостагӣ лозим нест.
Шояд ӯ назди шумоён, барои аз чунин гирдоби бесару бенӯг гурехтан нақшаи сафари Русияро кашидаасту бо ин баҳона ба ватан баргаштааст. Дар изҳороти хеш ӯ таъкид дорад, ки баъди бозгашташ пешрафтҳои Тоҷикистонро ба чашм дид ва ҳама ҳамсафонашро даъват мекунад, ки мисли ӯ ба Ватан баргарданд...Он ҷо (дар хориҷа) ба онҳо дурӯғ мегуфтанду Муҳиддин Кабирӣ кушиш менамуд, ки онҳоро зери фишори худ нигоҳ дорад ва ӯ борҳо ба мақомоти қудрати Тоҷикистон муроҷиат намудааст, ки барои ба Ватан баргаштанашон кӯмак намоянд... Ӯ ҷавон аст, хато кардааст ва барои хатокориҳояш бахшиш мепурсад... ва монанди инҳо”.
Шарофиддин Гадоев хуб дарк намудааст, ки Ватан фарзандони худро дубора ба канор мегираду ҳамватанон ӯро мебахшанд ва ӯ барои рушд додани кишвари худ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Бо дили пур ба ӯ мегӯем, ки бале мо фарзандони содиқи Ватан бояд ин ҷо дар сарзамини худ барои рушду нумӯи кишвари ҷоноҷони худ содиқона хидмат намоему онро чун гавҳараки чашм азиз дорем!