​Иғвоҳои навбатии ТЭТ наҳзати ислом

Тоҷикистонро имрӯз барои муаррифии сиёсати бурунмарзии давлати хеш марҳилае муосиде фаро расидааст. Ҳеҷ як шаҳрванди баору нанги миллат имрӯз намехоҳад, ки Тоҷикистонҳамчун як давлати аз қадршиносиву адолатшиносӣ бегона шинохташавад. Вале аз ҷониби як гурӯҳ бегонапарастон имрӯз бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла бо ташкили гирдиҳамоии эътирозӣ, суханрониҳои пучу беасос нисбат ба намояндагони давлату ҳукумат ва тарҳрезӣ намудани амалиётҳои террористӣ кӯшиш шуда истодааст, ки ному нишон ва муқаддасоти халқу миллати куҳанбунёди тоҷикон зери шубҳа қарор гирад. Мақсад ва ҳадафи ин душманон бо пайафкандани суханони дурӯғ ин ба доми ҷаҳолат афкандани ҷавонони соддаву каммаърифат мебошад ва бо ин роҳ мехоҳанд вазъияти тинҷу оромрохаладор сохта, осудагиву осоиштагии халқи тоҷикро барҳам зананд. Вале ин набояд фазои сиёсии давлатро халалдор созад, ба чи хотир, ки имрӯз ба ҳамагон маълум аст, аз тарафи хоинони миллатба ном ТЭТ-наҳзати ислом ин ҳиллаи ошкорест барои айбдор кардан ва сиёҳ нишон додани давлату ҳукумат. Онҳо гӯё бо ин амали хеш мехоҳанд номи маҳбасони сиёсиро сафед карда, сиёсати имрӯзаи мамлакатро ба беадолатӣ маҳкум намоянд, аммо кулли мардуми тоҷик ва ҷамъияту гурӯҳҳои сисёсии умумиҷаҳонӣхуб дарк кардаанд, ки арзишҳои сиёсии мо дахлнопазир буда, тақвиятбахши ҳаёти осудаву осоишта мебошад. Инчунин ҳодисаҳаи солҳои 90-уми қарни гузашта дар хотираи ҳар як шаҳрванди баору номуси миллат ҳамун захми оташин мӯҳр шудааст, зеро маҳз тавассути намояндагони ана ҳамин гурӯҳу ҳизбҳо ҷанги бародаркуш дар Тоҷикстон сар зада буд ва таъсири бади он ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии мардуми тоҷик то имрӯз кифоя аст. Ва моро дарки нуктаи муҳиме имрӯх зарур аст, ки осудагиву осоиштагии Ватани ҷоноҷони мо ин сарвати бебаҳост ва инро қадр бояд кард. Ногуфта намонад, ки амалҳои номатлубе, ки имрӯзҳо аз ҷониби хоинони миллат сурат мегирад, боиси танқиду таҳқири ҳамагон гардида, аз ҷониби кулли мардуми бонангу номуси тоҷик маҳкум гаштааст.

Шуъбаи табъу нашр

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ