​Паймони миллӣ фарогири пасмондаҳои наҳзат аст

Боиси зикр аст, ки имрӯзҳо пасмондаҳои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати ислом, ки хориҷ аз кишвар қарор доранд худ ба худ даст ба таъсис додани анҷуману паймонҳои гуногун зада мехоҳанд бори дигар нуфузу обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлолро мисли солҳои 90-уми асри гузашта паст зада бошанд. Хурду бузурги Тоҷикистони азиз бахубӣ огаҳӣ дорем, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хоинону бадхоҳони миллати тоҷик зери ниқоби дини мубини ислом ҳазорон тан аз ҷавонону шаҳрвандони ноогоҳ аз асли дини мубини исломро ба гирдоби ҷаҳолату ноадолатиҳои хеш кашида, тоҷикро бо дасти тоҷик ба қатл расониданд. Албатта аз хиёнатҳову хисороти моливу ҷонии замони ҷанги шаҳрвандӣ хурду бузурги кишвар бахубӣ огаҳӣ дорем.

Имрӯзҳо бошад бо баробари оне, ки дар мамлакат ташкилоти ифротии наҳзат ҳамчун ташкилоти экстремистӣ – террористӣ шинохта шуд ва бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти он дар мамлакат расман манъ гардид, ба хотири ба даст овардани ҳар гуна манфиату маблағҳои зиёди пулӣ ин хоинзодагон мехоҳанд гуруҳу равияҳои нав таъсис дода, ба хоҷагонашон собит созанд, ки террорист нестанд ва ҳадафи хуб доранд. Аммо хоҷагони ин хоинони миллат дониста бошанд, ки ҳадафи наҳзатиҳои гумроҳ, ки имрӯз бо шеваи демократ ва ниқоби нав таҳти унвони Паймони миллӣ фаъолият мебаранд танҳо ва танҳо қатлу куштор ва гумроҳсозии мардуми тоҷик аст.

Аз ин нуктаи назар мо омӯзгорон ва аҳли илму маърифати кишвар бо дарки муҳимияти сулҳу субот, оромиву тинҷӣ ва ваҳдати саросарӣ рафтори ҳамагуна хоинону бадхоҳони миллатро, дар кадом шакле ва ё номе набошад шадидан маҳкум намуда, аз ҷавонон даъват ба амал меорем, ки аз ҳамнишиниву ҳамдилӣ бо чунин тангназарон дар ҳазар бошанд.

Изҳорот аз кафедраи Т ва МТОДадобоева М.А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ