​Намакро хӯрдӣ, андеша кун…

Додоҷон Атовуллоев аз кирдори Мирзои Салимпур норозӣ аст. Вай мегӯяд, ки Мирзои Салимпур дар «Чароғи рӯз» кор омӯхт. Ҳамин ҷарида вайро ба рӯи об баровард. Ҳамин ҷарида аз вай «Мирзои Салимпур» сохт. Аммо Мирзо имрӯз ба намакдон туф кард. Вай ба қадри хизмати устоди худ нарасид. Дар ин бобат мақоли халқӣ низ мегӯяд:- Аз ҷое намак хӯрдӣ, онро чил сол андеша кун!

Аммо Мирзо барин шахсон ба қадри устод намерасанд. Барои онҳо молу чиз, пулу сарват бошад, бас! Мувофиқи байти машҳури Саъдӣ:

- Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.

Дар навиштаи Додоҷон Атовуллоев омадааст:

«Бародараш (яъне Илҳом) Мирзоҷонро оқ кард.

Ман ҳам оқ кардам.

Оқи устод ҳам шуд…

Оқ!
Оқ!
Оқ!».

Пас, вой бар ҳоли шахсе, ки оқи бародар, оқи устод, оқи омма гардидааст. Ин гуна шахсон дурӯяю серӯя… ҳастанд.

Пӯсти ғафс доранд. Ба онҳо на оқкунӣ таъсир мекунаду на ҷазои дигар. Ақаллан, виҷдонашон онҳоро азоб медод? Ақаллан, аз кардаи худпушаймон мешуданду худ аз худ узри гуноҳ мепурсиданд?

Не, мо аз Мирзои Салимпур барин шахси одамсурату шайтонсират инро умедвор шуда наметавонем.

Пас, аз ин гуна шахсон ҳазар намоем ва худамонро дур гирем. Ба онҳо нафрат дошта бошем.

Нафрат! Нафрат!

Гурӯҳи эҷодии рӯзномаи донишгоҳии «Нури маърифат»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ