Ҳиҷоб
Айни замон масъалаи ҳиҷоб актуалӣ буда, занҳое, ки ҳиҷоб гирифтаанд, аз занҳое, ки бе ҳиҷоб мегарданд, зиёдтар диққати ҳамагонро ба худ ҷалб мекунанд. Зеро худро бисёр орову торо дода мегарданд. Аксари занону духтарони ҳозира барои худро сафедкунӣ аврат мегиранд, ки аз дидани чунин шахсон дили инсон аз аврат хунук мегардад.Яъне, ҳозира ҳиҷобу авратҳое, ки духтарону занони тоҷик ба бар гирифтаанд, хоси Ислом нест.
Аз замони таъсисёбии Тоҷикистон, ҳамчун ҷумҳурие дар ҳайати Шӯравӣ, дар авоили асри гузашта, либоси занону мардон дар ин кишвар дар қолабҳои фарҳанги милливу аврупоӣ рехта мешуд ва Тоҷикистонро як кишвари замонавӣ муаррифӣ мекард. Ҳоло зоҳиран тамоюл ба самти либоси мазҳабӣ аст. Шавқмандии занону мардҳо ба либоси мазҳабӣ баъд аз суқути Шӯравӣ ва боз шудани роҳ ба самти давлатҳои арабӣ оғоз шуд ва дар панҷ соли ахир шакли оммавӣ касб кард.
Чун дар кишвари тоҷикон масъалаи мубориза бо экстремизми сиёсиву динӣ ба қазияи рақами як табдил ёфтааст, манъи ҳиҷобпўшӣ ҳам бо ин амр хоҳу нохоҳ бастагии комиле пайдо мекунад. Давлат ба ҳиҷоб бо мақсади мубориза бо экстремизми динӣ мухолифат дорад. Амнияти давлат шояд хуб собит кардааст, ки дар паси ҳиҷобпўшии аксари занону духтарон амри харобкориву ғайрандешии сиёсиву иҷтимоӣ низ нуҳуфта буда метавонад. Албатта андешаи носолими сиёсӣ дар ғайриҳиҷобиён низ ҳаст, аммо давлати мо бо мубориза бар зидди ҳиҷобу ҳиҷобиён аввал аз ҳама барои ҳамвор кардани андешаву афкори носолими ҷомеа қадами собит гузоштанист, ки хеле муҳим мебошад. Аз ин ҷиҳат, фикр мекунем, албатта ниҳодҳои давлати мо ба ин нукта хуб сар фаро овардаанд, ки ҳиҷоб дар гузашта ҷузъи фарҳанги исломӣ буда, аммо барои тоҷикон ин навъ либос аз лузумоти фарҳанги бегона ба ҳисоб меравад. Ин андеша ҳаргиз арзиши фарҳанг ва тамаддуни арабиро, ки асрҳои аср мағзу қишри фарҳанги моро дар бар гирифтааст, инкор нахоҳад кард.
Дар анъанаи миллии мо либосҳое тоҷикидўхт ва тоҷикшинаме чун чакан, атлас ва рӯймол бо рамзу намуди хоси худашон ҷойгоҳи матлубу назаррасе ба даст оварда, дар зебоишиносии миллии мо нақши муассир гузоштаанд. Ин шеваи хоси рўйнамоии миллӣ воқеан ҳам дар зебо ва рангин кардани намуди духтар ё зани тоҷик нақши зарҳалину мондагоре дошта, ононро воқеан ҳам зебову тоҷикона ба намоиш овардаанд ва ба арзишҳои сирф миллӣ ҷавобгўанд.
Аксари мардуми нохубандеш баҳси ҳиҷобро кори муфид барои аҳли ҷомеа мешуморанд ва онро ба урёнгардии аврупоӣ муқобил мегузоранд. Албатта мо урёнгароии аврупоиро комилан мақбул намедонем, лекин баъзан дар паси ҳиҷобу ҳиҷобпўшӣ низ розҳое нохубу дилрешгарона низ нуҳуфтаанд, ки ростӣ шояд бархе аз либоспўшии аврупоии занони тоҷик онро надорад.
Аз ин нуқтаи назар мафқуд шудани ҳиҷобпўшӣ дар ҷомеаи тоҷикро ҳаргиз ба бараҳнагардии беназокату бенизоми аврупоӣ ва ҷорӣ шудани фарҳанги номатлуби аврупоӣ омехта кард, ки воқеан бархе аз занону духтарон дар ин роҳ расвои ҷаҳон шуданд. Аз ин рў, фуқдони ҳиҷоб ва рўй овардан ба либоси воқеан миллӣ маънии нигаҳдории асолати қавмии моро дораду бас. Аммо ҳиҷоб на назокати миллӣ дорад ва на миллияти тоҷикиро намояндагӣ мекунад.
Мо – тоҷикон воқеан ҳам фарҳанги пўшиши миллии худ, амри либоспўшии миллии тоҷикиро дорем, ки бар пояи назокатшиносии асли тоҷиконаи худамон такя мекунад, аз ин рў, ногузир бояд аз он арзишҳо ҷонибдорӣ намоем.
Ба фикри мо имони инсон на дар аврату риши ӯ аст, балки имон дар дили ҳар як инсон бояд ҷойгир бошад!
Кафедраи грамматикаи забони арабӣ