Ба Мирзои Салимпур
Чанд андешаҳо перомуни сомонаи “Ахбор” ва сардабирион Мирзои Салимпур. Номбурда дар матлабаш зери унвони “Ба номардиҳои мардон ман чӣ гӯям? Изҳороти расмии сардабири “ахбор” бо чандин ҳарфҳои дашномолудву полуда якчанд нафару гурӯҳҳоро маҳкум кардааст. Ҳамчунин дар матлаби ӯ зикр мегардад, ки “сомонаи “Ахбор” ҳамчун як расонаи мустақил, холис ва бетараф ташкил ёфтааст”. Хуб савол ба Салимпур ин аст, ки ӯ худ дар Прага ҳаст ва дар матлабҳояш ҳамеша зикр мешавад, ки “як манбаи “Ахбор” иттило дод”. Кадом манбаи “Ахбор”? Чаро ягон манбаҳои “Ахбор” ақалан ном надорад? Шояд Салимпур даъво мекунад, ки ҳифзи манба аз муҳимтарин вазифаи журналист маҳсуб мешавад. Хуб бошад, аммо ба забони худиӯ иттилооти “Ахбор”аз маълумоти “занҳои лаби ҷӯй” чӣ фарқият дорад? Мо бе дашному бе таҳқир мегӯем. Салимпур дар радияву ҷавобҳо далел хостгор аст. Саволи дигар. Дар хабрҳои худи “Ахбор” оё ягон далели воқеӣ мавҷуд аст?
Дар матлаби Ба номардиҳои мардон ман чӣ гӯям? Изҳороти расмии сардабири “ахбор” ҳамчунин дар мавриди журналистика ва расонаҳои мустақил, ҳадаф ва вазифаҳои журналистика сухан рафтааст. Мусаллам аст, ки вазифаи ҷонии журналист бетарафӣ ва риояи тавозун (баланс) аст. Дар кадом матлаби “Ахбор” риояи тавозун ба назар мерасад? Ақалан як матлабаке, ҳаст ки бо назардошти принсипҳои байналхалқии журналистика навишта шуда бошад? Боз саволи дигар ба оғои Салимпур? Сомонаи “Ахбор” фақат аз куштору, хунрезӣ, садамаву, фаҳшкорӣ мегӯяд? Дар сомонаатон ҳаст ягон матлабе, ки беғараз бошад? Ва ниҳоят дар мавриди пул гирифтан ва нагирифтани Салимпур. Якчанд саволаки сода. Фаъолияти “Ахбор” аз кадом ҳисоб аст? Зиндагии Салимпур аз кадом ҳисоб мегузарад? Маблағҳо барои манобеъи “Ахбор” аз кадом ҳисоб пардохт мешавад?
Салимпур даъвои бо далел ҳарфзаданро дорад. Ва инак чанд саволе, ки дар боло гузошта шуд, бо далели қотеъона ҷавоби Мирзои Салимпурро интизор аст.
Мухбири студияи “Фурӯғ”-и ДДХ