Мирзои Салимпур ва ахборком манбаи иттилоотии ТЭТ ҲНИ
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, дорои Конститутсия мебошад. Яке аз принсипҳои асосии давлати демократӣ ин озодии воситаҳои ахбори омма ва озодии сухан мебошад.
Озодии сухан ба маънои оне, ки ҳар як шахс метавонад фикру мулоҳизаи худро бе ягон таҳдид баён кунад ва ҳукуку озодиҳои худ ва дигаронро ҳифз намояд. Яъне ҳар як шахси комилҳуқуқ барои баёни андешаҳои худ дар доираи арзи эҳтиром ба меъёрҳои ҳуқуқи дар ин ҷо дарҷ гардидааст.
Сиёсати иттилоотии Мирзои Салимпур дар сомонаи ифротиаш бар имиҷи давлат ва обрӯи мардум иснод меоварад. Вақтҳои охир ба изҳорот пароканиаш машҳур аст. Лақаббофӣ мекунад ва дурӯғ мегӯяд.
Аз диди Салимпур, ки мактаби макри хориҷиҳоро ду даҳсола гузаштааст, мавқеъгирии як тоҷики миёнаморӣ, ки оромиши кишварро мехоҳад ва гоҳ ногоҳ ба музахрафоти «ахбор.ком» ҷавоб мегӯяд, ҳамаро «фабрикаи чавоб» тамға задааст. Ҳар як ватандӯст оромиши миллат ва ҳукфармоии фазои сулҳу суботро чун гавҳараки чашм зарур медонад. Чун ҳадафи шумо ифротиҳо, ки дар дили Аврупо ошӯб ташкил карданӣ ҳастед, аз наздик мушоҳида мекунем, мебинем, ки дурнамои ин муборизаи мудҳиши равонии шумо, боз ҳам даст задан ба ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Мардуми соддалавҳи ғарбро, ки аз ҳилаи шаръии шумоякҳо бехабар ҳастанд, гул заданӣ ҳастед. Вале ин ҳилагариҳоятон дигар намегузаранд, аниқтараш мо патриотҳои асил намегузорем.
Дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии информатика Шамсидинов Х.