Интиқоди фаъолияти ватанфурӯшии фъзоёни ТЭТ ҲНИ
Ба ҳамаимо маълум аст, ки дар баробари эълон шудани демократия, озодии сухан дар давлати абарқудрати собиқ Иттифоқии Советӣ аз нимаи солҳои ҳаштодуми асри гузашта бесарусомониҳои сершумор дар ҳамаи соҳаҳоидавлатдорӣсар зад. Аз ин шароит истифода бурда баъзе ҳомиёни дин дар ҳамаи давлатҳои собиқ Иттифоқи Шуравӣ амалиётҳои фитнакоронаи худроба роҳ монданд.Бо ниқоби уламои дин, онҳо нақшаҳои ғаризонаи худро бо ёрииҳимоятгарон ва маслиҳатгарони худ дар хориҷабарои ба амал расонидан кӯшиш ба харҷ додаанд.
Дар асл оё зарурат буд, ки ин ҳизб бо номи Ислом дар Тоҷикистон ташкил шавад? Ин аслан ба моддаҳои Сарқонуни Тоҷикикстони он давра низ зид буд. Аз рӯи СарқонуниРеспубликаиТоҷикистон муносибати ҳар як кас нисбат ба дин чун ихтиёрӣ ҳифз карда шуда буд, ташвиқоти динӣманъ шуда буд. Бо шарофати сиёсати таҳлукаомези роҳбарони он давра иҷозат дода шуд, ки як гуруҳ фитнакоронмоҳи декабри соли 1991 ҳизби Наҳзати исломи Тоҷикистонро ташкил намоянд. Дар ҳақиқат, чун сархатиби масҷиди ҷомеи марказии “Шайх Маслиҳатдин” мӯҳтарам Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода қайд кардаанд, “Дар Тоҷикистон ташкил кардани ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон аз аввал муғризона буда, мехостанд бо номи ислом низоми давлатдориро дигаргун кунанд, мазҳаби шиаро бо кадом роҳе, ки бошад ба сари мардум таҳмил кунанд”.
Ба онҳо чи намерасид, ки роҳи фитнакориро интихоб намудаанд. Мо худ дида, шунида истодаем, ки дар баъзе давлатҳои исломӣ аҳвол чӣ гуна аст? Бо номи муқаддаси Ислом чи гуна корҳоро ба амал расонида истодаанд?
Хушбахтона, дар ҷомеаимо мафкураи аслии ин “ҳимоятгарони ислом” сари вақт ошкор карда шуд, бо кӯшишҳои сарвари давлат Асосгузори Сулҳу Ваҳдат Пешвои Миллат Эмомали Раҳмон Додгоҳи олии ҶТ рӯзи 29-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро – ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёна созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард
Мо албатта тарафдори ин қонун мебошем, шукрона мекунем, ки ақли солим ғалаба кард, душманон натавонистанд, ки давлати демократиро аз байн баранд. Аммо ташвиқоти зиёнкоронаиаъзоёни ҳизб солҳои дароз бетаъсир намонд, мутаассифона якчанд ҷавонони гумроҳ ба доми онҳо афтидаанд, то имрӯз дар дохили кишвар шиашудаҳо низ зиндагӣ доранду бо кирдору амалҳои паст мардумро гумроҳ мекунанд. Онҳо намефаҳманд, ки маҳзабфурӯшӣ баробариватанфурӯшист. Касе, ки ватанашро мефурўшад, ӯ тайёр аст, ки дар ҳамаи ҳолат мазҳаб, номус қадру қиммат ва арзишҳои миллии худро низ фурўшад.
Вазифаи ҳар як омӯзгор – ҳушёриро аз даст бой надиҳем, корҳои ташвиқотиробар зиддӣ ин ҳизбпурзӯр намоем. Бояд ҳар як ҷавон, ҳар як донишҷӯ дарк намояд, ки мақсадҳои зарарноки аъзоёни ҲНИТ хатарнок мебошад. Дар асл мақсади ин дин мазҳабро тағйир додан, аз номи дин мардумро гумроҳ кардан аст.
Мо боз як бор эмин шудем, киислом ба ягон ҳизби динӣ эҳтиёҷ надорад, сиёсикунонии ислом ба зарари дини мо, мазҳаби мо, миллату халқи мо мебошад. Дар ҷомеаи мо барои ҳамаи рукнҳои диниро ба ҷо оварданшарту шароит вуҷуд дорад.
Озодии дин дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонҳифз карда шудааст, ки аз рӯи он “Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд (МОДДАИ 26). “Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онҳо бояд ба меъёрҳои демократӣ мувофиқ бошанд (Моддаи 28).
Саромӯзгори кафедраи тарҷума ва
грамматикаи забони англисӣ Мирзомуротова М.Б.