Изҳороти омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Аҳрорӣ Б
Баъзан инсон воқеаҳои таърихии маъмулро ғалату дурўғин навишатни баъзе инсонҳоро мушоҳида намуда, ба ҳайрат меафтад. Барои шахси инсондӯст ва ватандӯст аз ҳама арзишмандтарин ин осоиштагии ватану давлаташ бояд бошад.Лекин ҳастанд шахсоне, ки корашон фақат иғвоангезӣ, паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ ва фикр кардани манфиати шахсӣ мебошад. Агарба онҳо суол кунед, ки барои ободиву осоиштагии Ватан чӣ кореро ба сомон расонидаед? – боварии комил дорам, ки ҷавобашон сукут аст.Аз ҷумлаи чунин шахсон Сайидюнуси Истаравшанӣ ба ҳисобмеравад, ки ба Ватан садоқат надорад. Аз таҷовузкор қаҳрамон месозаду аз қаҳрамон душмани халқ. Мутаассифона чунин андешаҳои ғаразнок ў ва ҳаммаслаконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванду обруву нуфузи худи онҳоро хеле ва хеле паст мекунанд. Пеш аз он ки мо андешаеро баён кунем, бояд саҳеҳияти онро санҷем, боварӣ ҳосил намоем, ки ин андешаи мо обрўву нуфузи моро паст намекунаду аз назари тангу дониши пасти мо дарак намедиҳад.
Мо ҷавонон тарафдорӣ сиёсати пеша кардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем ва намегузорем, ки ҳар гуна бадхоҳон ба тинҷиву оромии Тоҷикистони азизи мо халал расонанд.