​Изҳороти ҷамъияти илмии донишҷўёни факултети забонҳои шарқ

Ҳафтаи сипаришуда дар яке аз сомонаҳои иҷтимої оид ба фаъолияти хабарнигор Мирзои Салимпур ва сомонаи ифротиаш «Ахбор» шиносоӣ пайдо намудем. Лозим ба қайд аст, ки номбурда тавассути ҳар гуна хабарҳои ва иғвоҳои бардурўғ ба обрўву эътибори мардуми тоҷики иснод оварда дар сомонаи ғаразолудааш бар симои давлат ва обрӯи мардум иснод оварда истодааст. Бешубҳа ў миёни хабарнигорон чун «изҳоротпарокан» машҳур ва маъруф будааст. Бар замми ин ў дониста надониста ба симоҳои шинохтаи кишвар лақаббофӣ мекунад ва дурӯғ мегӯяд.

Одам дар ҳайрат мемонад, ки аксари хабарнигоре, ки тарки ватан кардаанд, ғайр аз фитнаву найранг аз ўҳдаи ягон кор намебарояд, ки ин исбот аз рафтори ў бармеояд. Ҳақ бар ҷониби гуфтаҳо, ки ў соҳиби «фабрикаи ҷавоб» асту боқи дигар ҳеҷ чиз.

Бар замми ин Мирзои Салимпур соҳиби фабрикаи фитнаву найранг ё хуҷаини фабрикаи фурўши нангу номуси миллат мебошад. Бинобарин гуфтани ҳастем, ки Тоҷикистон аз лаҳзаи соҳиби давлату Ватан шуданаш то имрўз гул гул шукуфон аст. Ва умед аз Парвардигору роҳбарияти имрўзинаи давлат, Пешвои миллат дорем, ки оянда аз ин ҳам беҳтар хоҳад шуд. Пас мо ба ин гуна «одамон» иброз дорем, ки ба ҷои суханҳои бенамаку бемазмун камар баҳри ободии Ватан бояд баст. Одатан он хабарнигороне, ки дар хориҷа ҳастанд кўшиш бар он доранд, ки баҳри халқу миллати худ хизмат намоянд. Лекин сад афсўс, ки шумори ин гуна ба ном «хабарнигорон» зиёд шудааст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ