​Изҳороти сардори раёсати илм ва инноватсия Абдуллоев Р.Х.

Баъзе сомонаҳои муғризи ифротиён пас аз сафари расмии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳар гуна иғвоангезиҳои душманона мехоҳанд ба дили мардуми кишвар аз нав оташ ангезанд. Душманони миллат аз нав эълон доштаанд, ки Ворух ва марзҳои баҳсбарангези он фурўхта шудааст. Ин ҳангомаҳои навбатӣ бори дигар собит месозад, ки хоинони бурунмарзӣнамехоҳанд, ки дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойдор бимонад. Дар ҳоле, ки ягон маълумотҳои расмӣ дар ин раванд расонаӣ нашудааст ва мардуми шарафманди Ворух бо дилгармиву самимияти хоса аз андешаҳои созандани Сарвари давлат истиқбол намуда истодаанд, ин вазъият ба хинони ифротӣ писанд наомадааст. Зеро онҳо бо роҳҳои осоишта ҳал шудани ин масъалаи баҳсбарангезро интизор набуданд. Аз ин ҷиҳат, бо ҳар роҳу васила барои аз нав мардумро роҳгум кардан ҳаракатҳои ношоистаи хешро идомат бахшида истодаанд. Мо мардуми шарафманди Тоҷикистон чунин андешаҳои бебунёди душманонаи зархариди Аврумоиро маҳкум намуда, аз мардуми осоишта даъват ба амал меоварем, киба ҳар гуна иғвоҳову овозаҳои бебунёд дода нашаванд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ