Тамос муҳим аст
Дар ҳошияи дастгирии дастури Пешвои миллат оид ба холати аввала баргардонидани интернет ва махкум намудани андешаҳо ва суиистифода намудани ТЭТ ҲНИ аз болоравии нархи интернет
Шароити феълии мардумро ба назар гирифта Пешвои миллат дастур доданд, ки нархи хизматрасоонии Интернет ба ҳолати аввала баргардонида шавад. Бинобар муҳим будани алоқаи мобилии телефонӣ ин дастури саривақтӣ мебошад, ки аз ҷониби мардум хуш пазируфта шуд.
Аммо ин овозаро ба як ҳангомаи сиёсӣ табдил дода пайравони ТТЭ ҲНИ забони шиква во намуданд, ки гӯё дар Тоҷиқистон ба мардум ҷафо мекарда бошанд. Ҳатто ба ҷамъоварии имзо ва ташкили издиҳом таҳдид намуданӣ шуданд. Хуб, акнун баъди бетағёир гузоштани арзиши хизматрасонӣ ба лаб муҳри хамушӣ заданд.
Аммобо вуҷуди ин, хуб мешуд ки ҷавонон бештар ба мутолиаи китоб рӯ оварда захираи луғавии хешро ғанӣ гардонанд. Хазинаи беҳтарин ин китоб аст. Мо донишҷӯён тибқи нақшаи инфиродии тарбиявӣ бештар рӯ ба китоб овардем.
Ҳоло ман асарҳои Айниро мехонаму шарикдарсам китобҳои Раҳим Ҷалилро ки бешак барои ғанӣ гардонидани олами маънавиёти мо мусоидат мекунад.
Муборакшоҳи Саид, донишҷуи соли сеюми факултети электромеханикаи ДКМТ