​Изҳороти устодони факултети санъат

Халқи тоҷик ва қирѓиз аз қадимулайём паҳлў ба паҳлў дар ҳамсоягӣ умр ба сар мебаранд. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар ҳар ду ҷониб дар сатҳи давлатӣ баъзе масъалаҳои ба миёномада ҳалли худро меёбанд.

Вале баъзан аз ҷониби ашхоси алоҳидаи расмии ҳукумати маҳаллӣ ва шахсони алоҳидаи ҷумҳурии Қирѓизистон дар сохтмони ҳавлиҳои истиқоматӣ ва минтақаҳои наздиҳавлигӣ, сохтмони роҳ дар мавзеи баҳсталаби тоҷикону қирѓизон масъаларо яктарафа ба манфиати худ ҳал мекунанд.

Ҳамин ҳол дар ҳудуди ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби Қирѓизистон дар натиҷаи вайрон кардани Протоколи дутарафаи байналмилалӣ сохтмони роҳи «Кўктош-Оқсой-Тамдик» шурўъ гардид. Ба ин амали қирѓизон истиқоматкунандагони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара муқобилият нишон доданд. Ҷавобан ба ин амал аз ҷониби қирѓизҳо ба сўи аҳолии Ворух тавассути яроқ оташ кушода шуд.Инчунин аз ҷониби мақомоти қудрати наздисарҳадии Қирѓизистон роҳи «Исфара-Ворух» баста шуда, рафтуомад аз ҷониби Тоҷикистон қатъ карда шуд. Таҳти роҳбарии ҷонишини раиси ҷамоати Оқсой Жалчиев Эркин 50-60 нафар қирѓизҳо ба ҷамоати Ворух омада, аҳолии деҳаро зери сангборон қарор доданд. Дар натиҷа 11 нафар захмҳои гуногун бардошта маҷрўҳ шуданд. Илова бар ин сарҳадбонони қирѓиз маҷруҳшудагонро нагузоштанд, ки аз сарҳад гузаранд. Ҳол он ки ин амали эшон бархилофи қонуну қоидаи инсонигарист.

Дар ин амал роҳбарони давлатҳо ва мардум гунаҳкор нестанд. Танҳо раиси махаллаи Оксойи Боткенти Киргизистон Роза Усарова гунаҳкор дониста мешавад. Воқеаҳои рўзҳои охир собит сохтанд, ки нафари зикргардида ташаббускор ва сабабгори ихтилофу нооромӣ миёни кишварҳои ҳамсоя дониста мешавад. Бо мақсади худсарона аз худ намудани қитъаи замин пайваста миёни аҳолии ҳамҷавор оташи низову фитнаро бармеангезад. Қирѓизҳо манфиати шахсиро аз манфиати миллӣ боло гузоштаанд.

Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша тарафдори бо роҳи сулҳу салоҳ ҳал шудани масъалаҳои ҳалталаб ҳастанд. Чи хеле ки дар урфият мегўянд: «Ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар».

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ