Изҳороти Манонова М. – муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети санъат
Паҳн шудани номаи бо ном «Куруши Кабир» оид ба «Фермаи ҷавоб» фитнаву дасисаи навбатӣ аст алайҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Ҳизби Ҳалкии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ мебошад. Бо ин амали худ тасдиқ сохт, ки сарсупурдаву зархариди хоҷагони хориҷиаш мебошад. Худ нону намакхўради Тоҷикистон аст, аз обу ҳавои софу беғубори Ватани азизамон нафас мекашад. Ношукрӣ ва кўрнамакӣ аст, ки бар зидди Ватан ва халқи тоҷик ин гуна ҳарфҳои носазо мезананд. Аз паҳн шудани ин суханон чӣ мақсад доранд? Боз ҳам ноором сохтани фазои амн ва тинҷиву осоиштагии мардум аст. Кўрдилу ҳасудонанд аъзои ҲНИ – ин ҳама амну осоиш, гулугулшукуфии Тоҷикистонро чашми дидан надоранд. Ин ҳама сулҳу субот, тинҷиву оромӣ, хандаи беғаши тифлони кўчаку маъсуми Ватан азияташон медиҳад, нороҳаташон месозад, хўю табиати ақрабонаашон намегузорад, ки фазои Тоҷикистон орому босубот бошад. Чӣ хеле ки мегўянд:
Неши ақраб на аз пайи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст.
Бо сиёҳ кардани фаъолияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ангехтани низоъ миёни ҷомеаи Тоҷикистон аст? Ҳол он ки мо, зиёиёни кишвар ҳар гуна талошҳои зўроваронаро аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои доғдор барои дастрасӣ ба ҳадафҳои ғаразнок, ки метавонанд боиси халалдор гардидани амният ва субот дар Ватани азизамон гарданд, қотеона маҳкум менамоем. Дар ин миён фаъолиятҳои хориҷии созмони террористии наҳзат ҳеҷ гоҳ ба манфиати миллати тоҷик ва Тоҷикистон набуда, таҳдиди бузурге ба субот ва шукуфоии кишвар мебошад.