“Ҷоизаи ёдбуди ҳизби парешони наҳзат”
Аз расонаҳои хабари дарёфтем, ки санаи 10.02. соли равон даршаҳриВилнюси давлати Литва чанде аз нафароне ватангадову ватанфурӯш бо маблағгузории хоҷагони муғризи хориҷии худ нишасте дар мавзӯи “Осиёи Марказӣ: ислоҳот, саркӯб ва ифротгарӣ”барпо намуданд, кимақсади он муарифии нобакорон ва номардони фосиқ дар арсаи ҷаҳонӣ бадааст. Нафари бесаводу бе маълумот, ғоротгару ифротгар ва нотавонбине чун Илҳом Ёқубов ва чанде дигарон, кибарои худ ниқобҳои бадвоҳима аз қабили роҳбари Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо, Муҳаммалсаъид Ризоӣ – узви Шӯрои Олии Паймони миллии Тоҷикистон, СтивСвердлов- намояндаи созмони Human Rights Watch, ва ғайраро соҳиб шудаанд, дар ин маросим ширкат варзида, нисбати ҷомеаи Тоҷикистон ба худ қисматсозиро бо иғвогарӣраво дидаанд:ҳукуматӣ, опозитсионӣ, наҳзатӣ, динӣ, дунявӣ, исломӣ, ғайриисломӣ ва ҳатто равшанфикрону озодандешони кишварро пас аз ҳаводиси ахир ва ҳиҷрат, ба равшанфикрону озодихоҳони дохилӣ ва хориҷӣ.
Онон, ки худ бо фармоиши соҳибони хориҷӣ мебояд бухсу ҳасуди ифротгаронро дар замини файзбори Тоҷикистон кишт намоянд, бехабаранд, ки тухмии ғаразноки пошидаи онҳо дар ягон мамлакати олам неш намезанад. Зеро, ҷомеаи ҷаҳонӣ аллакай ба фарҳангу тамаддуни оламофариТоҷикистону тоҷикистониён қоил гаштааст. Танҳо иқдомҳои Тоҷикистон нисбати муборизаи беамон бар зидди ҳаракатҳои террористӣва эктремистӣ, паҳншавии маводи мухаддир, пешниҳоди муносибати оқилона ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои оби ошомиданӣ ва ғайра ба ҷаҳониён мамлакати моро чун дунявӣ ва фарҳангофар муаррифӣ кардааст ва аз ҷониби онон дастгирии комилро сазовор гардидааст.
Дар ин нишаст нафарони гумроҳи ватангадо шодравон Файзинисо Воҳидова, собиқ адвокатро ба дараҷаи зани шуҷоъ ном намуда, хоҳони таъсиси ҷоизае бо номи ӯ шудаанд. Чӣ тавре, ки дар анъанаҳои миллати тоҷик омадааст, мо дар бораи шахси марҳум чизи мусбиро қайд карда нисбати хислатҳои манфии ӯ сухане намегӯем. Нафароне, кишодравон Файзинисо Воҳидоваро хуб мешинохтанд, огоҳ хастанд, ки ин зан бо хислатҳои хуби худ шинохта шудааст.
Эҳтимол меравад, ки дар ҳаммаъноии сазоворӣба таъсиси ҷоизаи номӣ хизматҳои “барҷастаи” Муҳиддин Кабирро нисбати ноором сохтани вазъи сиёсии Тоҷикистон, фитнаангезию иғвогариҳо,дурӯғу фиреб, дурӯягиву рӯсиёҳӣ, тарғибиғояҳои мазҳаби шиапарастӣ ва дигар амалҳои ношоистаи ӯ мебояд ба ҳисоб гирифта шавад. Боиси қайд аст, ки ин беҳаёи беномус хоҳони он шудааст, кифардо бо номи ӯ низ хоҷагонихориҷиашҷоизае таъсис медиҳанд ва номи ӯ ҳамчун исми ғализи нопок дар таърих боқӣ мемонад. Дигар ғаразе аз таъсис додани “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова” нест, зероКабирӣ бо Файзинисо Воҳидова қаробати дигаре надорад ва месазад, ки ин амали фосиқонаи ватангурези беорият сазовори ҷоизаи “хасин” бошад.
Нест бод разилони ватанфурӯш !!!!
Лаънат ба оқипадарон !!!!
Обу хоки Ватан кӯр кунад чунин беномусонро ва нишоне азонҳо дарҷаҳон намонад !!!!
Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати
факултети геоэкология дотсент Собиров М.С.