Изҳороти саромӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ Назарова М.К.
Душманони миллати давлати куҳанбунёди Тоҷикистони Соҳибистиқлол донаҳои нақшаҳои нав ба навро ба замин кошта истода ҳеҷ баҳонае наёфтанду пӯшидани ҳиҷобро барои занони тоҷик шарт ва зарур дониста,барои ташвиқоти он камари ҳиммат бастанд. Амали онҳо бо баъзе нофаҳмиҳо ҷомаи амал низ пӯшид.
Мо миёнсолон ва калонсолони кафедра дар ёд надорем, ки очаю хола ва аммаҳоамон ҳиҷоби торики дилгиркунандаро, ки зидди табиати инсонст ба бар намуда бошанд. Аммо ҳиҷобпӯшӣ дар давру замони мо ба миён омада ташвиқоти ба бар намудани он ба занҳо асосан аз тарафи мардон гузаронида мешавад. Шуури он мардони ташвиқотгарро рӯҳияи террористиву экстремистӣ фаро гирифтааст.
Ҳиҷоб ба бар намудани духтарон ва занони тоҷик ин суннат ва анъанаи миллиитоҷикон намебошад, ки инро ҳар як мусулмони ҳақиқӣ исбот мекунад. Ҳиҷоб ба бар намудан – ин танҳо тарҳи бегона дар либоси занону духтарон дар замони муосир мебошад.
Ҳиҷобпӯшӣ дар қаламрави тоҷикону ӯзбекон ва қирғизону қазоқон, ки мусулмонони асили собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ
буданд пеш аз инқилоби Октябр низ ба назар намерасид. Занону духтарон дар он давр на либосҳои сиёҳу торик ва ниқобҳои рӯии сиёҳ ба бар менамуданд, онҳо либосҳои ҳаррангава сарбагиру фаранҷӣ ба бар менамуданд. Ба ин филмҳои давраҳои Шӯравӣ дар бораи босмачиён ва вайронкунандагони ҷамъияти нав шоҳид мебошанд. Либосҳои кимҳову атлас, шоҳиву банорас тани занону духтаронро дар он давр низ зеб медод, ки худ низ ба он шоҳид мебошем.
Халқи давлати абарқудрати мо Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пӯшидани либосҳои замонавию муосир озод аст. Танҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосҳои нимурёну зару зевардор номумкин аст.
Акнун ҳоло бошад дар ҷамъияти моистилоҳи “ҳиҷоб” бо баробари талаффуз гардидану шунида шуданаш дар тасвироти мардум сиёҳиро ба назарашон меораду дили шунавандаро низ сиёҳ мекунад ва дили бинандаро бошад ба ангишти сӯзон табдил медиҳад. Яъне бинанда бо баробари дидани ҳиҷоб ҳодисоту воқеотҳои номатлуби террористону экстремистонро дар ҷамъиятҳои бегона ба ёд меорад.
Ҳиҷоб ба бар намудан ин заиф намудани пояҳои мустаҳками хонаводаҳо ва анъанаҳои мардумии миллати тоҷик мебошад.
Ҳиҷоб ба ба мардуми тоҷик дахле надорад ва моҳиятан ягон чизи мусбате нисбати ба бар намудани он ба назар намерасад. Ҷомеаи тоҷикон ба он тавӯҷҷӯҳи мусбате зоҳир нанамуда баръакс ба он бо таҳқир таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд.
Ҳиҷобпӯшӣ баръакс барои пайдо ва рушд ёфтани одатҳои хатарнок ва эҷоди тарсу ваҳм аз шавҳару бародар чизеро доро нест. Ин намуди тарзи ба бар намудани либос хилофи қонунҳои на танҳо давлати мо балки тамоми давлатҳои мутараққии ҷаҳон мебошад.
Ҳокимияти давлатии ҶТ барои манъи ба бар намудани ин намуди либос қарору фармонҳои нав ба навро интишор намудаанд, ки занону духтарони мамлакат аз он шоданд. Зеро онҳо низ намехоҳанд, ки бандии либоси сиёҳи торики дилнокашу дилгиркунанда гарданд.
Мо омӯзгорон тарбиятгарони ҷомеаи давлати ҳуқуқбунёди тоҷик барои аз байн бардоштан ва рафъ намудани ҳиҷоб мекӯшем то либосҳои ба ҷамъияти мо бегона ба бари занону духтарони мо роҳ ёбад.
Бигзор сару либосҳои рангоранг дар зери сулҳи Истиқлоли Тоҷикистон бар бари модарону хоҳаронамон бошанд!