Изҳорот ба навиштаҳои Саидюнуси Истаравшанӣ
Баъзе инсонҳо воқеаҳои таърихии маъмулро ғалату дурўғин менависанд, ки инро мушоҳида намуда, ба ҳайрат меафтам. Барои шахси инсондӯст ва ватандӯст аз ҳама арзишмандтарин ин осоиштагии ватану давлаташ бояд бошад. Лекин ҳастанд шахсоне, ки корашон фақат иғвоангезӣ, паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ ва фикр кардани манфиати шахсӣ мебошад. Агарба онҳо суол кунед, ки барои ободиву осоиштагии Ватан чӣ кореро ба сомон расонидаед? – боварии комил дорам, ки ҷавобашон сукут аст.Аз ҷумлаи чунин шахсон Сайидюнуси Истаравшанӣ ба ҳисоб меравад, ки ба Ватан садоқат надорад. Аз таҷовузкор қаҳрамон месозаду аз қаҳрамон душмани халқ. Мутаассифона чунин андешаҳои ғаразноки ў ва ҳаммаслаконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванду баъзе нафарон онҳоро дастгирӣ менамоянд, ки ин аз камсаводиашон дарак медиҳад. Пеш аз он ки мо андешаеро баён кунем, ё ин ки ба андешаи дигарон мақбул донем бояд саҳеҳияти онро санҷем, боварӣ ҳосил намоем. Матлабҳои С. Истаравшанӣ аз назари тангу дониши паст доштани ӯ дарак медиҳад.
Мо ҷавонон тарафдорӣ сиёсати пешакардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем ва намегузорем, ки ҳар гуна бадхоҳон ба тинҷиву оромии Тоҷикистони азизи мо халал расонанд.
Омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Аҳрорӣ Б.