Терроризм ва экстремизм- хатар!
Бале, мафҳуми ин калимаҳо танҳо ва танҳо хатар асту бас. Хатар на танҳо барои инсонияти рӯи замин, балки барои тамоми сайёраи мост. Ин истилоҳҳои замони муосирро ҳар як шунаванда бо баробари шуниданаш бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳониро дар тамоми олами ҳастӣ тасаввур менамояд.
Падидаҳои номатлуби экстремизм ва терроризмро душманони миллати тоҷик дар мамлакати мо низ аз номи дини мубини Ислом ҷорӣ карданианду халқи меҳнаткаши тоҷик, ки мазаи ширини сулҳи пойдорнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар давлати Соҳибистиқлоламон - Тоҷикистончашидаанд, шӯр карданӣ нестанд.
Барои муқовимат намудан зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар факултети забонҳои хориҷии ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров амалӣ гардида истодааст, ки дар он омӯзгорони факултети забонҳои хориҷӣ бетарафӣ изҳор намекунанд. Омӯзгорони мобарои дар амал татбиқ намудани Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, № 1717 тасдиқ шудааст, ҳамеша дар сафи аввал мебошанд.
Барои хусусиятҳои байналмиллалӣ гирифтани ин падидаҳои номатлубдар тамоми ҷаҳон дастгирикунандагони он, ки бешууранду мафҳуми ватан, ватандорӣ ва миллатро ва ҳатто дини мубини Исломро худ низ сарфаҳм намераванд, зиёд гардида истодааст.
Мафҳуми Ваҳдати миллӣ, ҳастии миллат, ватандорӣ, амнияти тараққии кишвар, пешрафти халқ, худшиносии миллӣ ва амсоли инҳобарои он душманони на танҳо миллати мо балки тамоми дунё, ки номи террористу экстремистро соҳиб гардидаанд ва дини мубини Исломро силоҳи худ гардонидаандтамоман бегона аст.
Террористон ва экстремистон худ медонанд, ки қувваҳои моҷароҷӯёнаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии тамоми мамлакатҳои дунёанд. Тухми кинаву адоват, низо ва ҷудоихоиҳоро дар ҷамъиятҳои орому осоишта мепошандуҷанги шаҳрвандие, ки аз он мерӯяд бо яроқу аслиҳа таъмин мекунанд. Онҳо мошинҳоии хӯрокворӣ барои тамоми мағозаҳо набуда, балки мошини яроқу аслиҳатаъминкунанда бар зидди сулҳи пойдори кишварҳо мебошанд. Онҳо қувваҳои моҷароҷӯву хатар барои ҷамъияти муосир мебошанд.
Масъалаи терроризм ва экстремизм масъалаи баҳсталаби замони муосир мебошад, ки ҳатто халқи оддӣ саҳми худро барои ҳалли ин муаммо гузошта истода заҳролудшавии худро бо ин муаммои рӯз намегузоранд..
Масъалаи динро экстремистон ва террористон силоҳи худ гардонида, ҳамеша аз номи дини мубини Ислом чунон рафтору кирдорҳоеро дар ҷамъияти ҷаҳон ҷорӣ намуда истодаанд, ки бесаводиву нодонии онҳо дар ҷамъият исбот гардида истодааст. Зеро дар замони муосир ҳар як солимфикр медонад, ки ҳар як дину фарҳанг арзишҳои ба худ хосро дорост. Бахусус дини мубинамонИслом арзишҳои олии инсониро ҳимоя менамояду халос.
Дар ҷодаи ба даст овардани ваҳдати миллӣ саҳми маориф яъне мо маорифчиён бештар аз пештар мебошад . Мо пойдоркунандаи ваҳдати миллӣ барои таҳкими пояҳои давлати миллӣ ва посухгӯяндагони муносиб бар зидди муқовиматҳои ҷаҳони муосир мебошем ва ҳар як фарди ҷомеаамонро бар зидди душманони хориҷиву дохилӣ бо силоҳи маърифат ва худогоҳии миллӣ таъмин мекунем. Душманони миллати тоҷикро намегузорем, ки либоси сиёҳу тираи экстремистиву террористиро ба бар намоянд.
М. Т. Икрамова , муовини декан оид ба илм ва инноватсияфакултети забонҳои хориҷӣ