Ҳафтаи илм дар факултети санъати тасвирӣ ва технология
Бахшида ба ҳафтаи илм дар кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии факултети санъати тасвирӣ ва технологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” семинари намунавии илмӣ-назариявии устодон баргузор гардид.
Сармуаллим Мансур Муллоҷонов дар мавзӯи «Методикаи омӯзиши наққошӣ дар маҳфилҳои ҳунарҳои халқӣ» баромад намуда, доир ба ҳунари офаридани нақш, маҳсули эҷодии санъаткорони халқӣ ва касбӣ ва маҳфилу марказҳои омӯзишии ин навъи ҳунар дар шаҳру навоҳии вилоят сухан ронд.
Сипас, устодону донишҷӯён доир ба имконот, шароити омӯзиш ва инкишоф додани ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили наққошӣ, зардӯзӣ, қаламкашӣ байни ҳам мубодилаи афкор намуданд.
Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории семинари намунавии илмӣ-назариявӣ муаррифии тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ ва мустаҳкам намудани дониши назариявию амалии донишҷӯён мебошад.
Маркази иттилоот ва таҳлил