Вокуниш ба масъалаи “Фабрикаи ҷавоб”: ҳукми эшони Қиёмиддинро 18 сол кам кардаанд
Чуноне, ки мушоҳида намуда истодаем, баъзе тарафдорони собиқ ҲНИ бо роҳбарии М.Кабирӣ «аз бекорӣ» ва то рафт афзудани ғаразҳои нопокашон нисбат ба ҳукумат ва халқи Тоҷикистон бо паҳн намудани ҳар гуна мақола ва хабарҳои беасоси худ машғул ҳастанд.
Рӯзҳои охир онҳо ҳатто ба масълаи босмачиёни солҳои 20-авв.30 асри ХХ низ дахолат намуда, нисбати онҳо баҳои мусбии беасосу бесаводонаро медиҳанд. Ин навбат онҳо ба масъалаҳои ду тан хоинони Ватан Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар ҳаҷми 3 саҳифа маълумоте паҳн намуданд. Дар хабари худ муаллифон ба масъалаҳои тарҷумаи ҳоли онҳо, иқрор шудани онҳо дар навор ва ғ. маълумот додаанд. Дар ҳақиқат моҳи июн дар телевизионҳои Тоҷикистон филми мустанади бо номи "Решаҳои ноаён” дар бораи Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода намоиш дода шуд. Дар навори мазкур ин ду нафар ба ҳамаи гуноҳҳое, ки содир намуданд иқрор шуданд ва ҳатто аз мардуми шарифи Тоҷикистон узрхоҳӣ низ намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки онҳо дар асоси гуноҳҳои иқроршудаашон барои "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ", "хиёнат ба давлат" (ҷосусӣ барои Эрон) ва "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ" айбдор шуданд. Муаллифони хабари мазкур (яъне тарафдорони боқимондаи ҲНИ) ишора доранд, ки: «маълумоти онҳо таҳти фишор ва шояд ҳатто шиканҷа маҷбур ба гуфтани ин ҳарфҳои беасос шудааст…». Ин гурӯҳе ашхос таи чанд сол инҷониб аз ҷониби мақомоти қудратӣ дар кофтуков карор доштанд ва дар охир онҳоро ҳангоми аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба Тоҷикистон фирор намуданашон дастгир намуданд. Акнун саволе ба миён меояд, ки чӣ зарурият ҳаст, барои зӯроварӣ иқрор намудану ба навор гирифтани онҳо? Агар ба навори онҳо бо диққат таваҷҷӯҳ кунем, ҳангоме, ки ҳодисаи ҷиноятҳои содирнамудаашонро нақл мекарданд, дар симои онҳо ягон тарсу ҳарос намудор набуд. Баръало маълум буд, ки онҳо ҳодисаҳои баамаломадаи реалиро иброз менамуданд. Ѓайр аз ин онҳо фаҳмиданд он солҳо зери ниқоби дини ислом ба фиребу фитнаҳои хоҷагони дохилӣ ва хориҷии худ фиреб хӯрданд ва сидқан ба гуноҳҳои содирнамудаи худ иқрор шуданд. Ҷумҳурии мо, ки давлати демокративу ҳуқуқбунёд аст, дар риоя ва иҷрои қонун ҳама баробар ва масъул ҳастанд, сидқан иқрор шудани онҳо ва мусоидат дар ошкор сохтани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва фош кардани ашхоси ба ин ҷиноятҳо алоқаманд қабулшударо ба назар гирифта, 18 соли ҳукмиСайид Қиёмиддини Ғозиро кам карда, аз 25 сол ба 7 сол кам кардааст.
Рости гап, матлаби наҳзатиён аз интишори хабари мазкур ба мо то андозае маълум нест. Онҳо чӣ гуфтанӣ буданд? чӣ мехоҳанд? Дар навиштаҳои онҳо мантиқ вуҷуд надорад. Хуб мешуд, онҳо аз интишори чунин хабарҳои беасосу бесаводона худдорӣ намуда, шукуфонӣ ва инкишофи соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии Ватани азизамонро қабул менамуданд….
Шарифов М.-муаллими кафедраи таърихи Ватан ва археология.