Ҳарзагӯёни савукпо
Муғризони разил ба монанди Шерзамонов, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Илҳом Ёқубов ва дигар думравони онҳо, ки фурӯхтаи хоҷагони хориҷианд нисбати ошӯб дар маҳбасхонаи Ваҳдат андешаҳои бадгӯю ғаразнокро дар байни ҷаҳониён паҳн менамуданд. Ин номардон ҷоғ мезаданд, ки сабабгори ошӯб на худи Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки ҳадафаш қасосгирӣ ва нобуд сохтани баъзе маҳбусон мебошад. Эълон мекарданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз паси қир кардани шаҳрвандони худ буда бозиҳои пасипардагии худ ба ниҳодҳои гуногун аз қабили “Давлати Исломӣ” (ИИШ) ва ғайра мансуб медонад. Бо ин амали худ тавассути пикету ҳамоишҳо ва хабарҳои бардурӯғ дар расонаҳои хабарӣ онон кӯшиш доштанд, ки ба обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ футур расонанд. Вале, тири онҳо хок хӯрд !. Ҳақ ба ҳақдор мерасад, мегӯянд дар урфият. Ин мақоли халқ бори дигар исботи худро ёфт. Зеро, намояндагони “Давлати Исломӣ” (ИИШ) расман изҳор доштанд, ки ошӯб дар маҳбасхонаи Ваҳдат амали тарҳезишудаи онҳо буда афсӯс, ки ба мақсад нарасиданд.
Нобакорони дилсиёҳ ва ватангадоёни беимон !. Канӣ акнун мард шаведу ба мардуми олам фаҳмонед, ки иштибоҳ кардаеду онҳоро гумроҳ сохтаед. То ин дам аз Шумоён садо баланд мекардед, ки зери таъқиби ҳукуматдорон маҷбур шудаед, ки тарки Ватан кунед. Акнун исбот гардид, ки Шумо фирефтаи нафс ҳастеду барои дарёфти маблағҳои муфти хоҷагони худ аз баҳри хешу ақрабо баромада дар мамлакатҳои бегона бо ҳарзагӯӣ машғулед. Амали шумоён рафтори занҳои бадахлоқро мемонад, ки танфурӯшӣ мекунаду аз ин амалаш шарме надорад ва дар байни мардум бемалол зиндагонӣ мекунад. Бинобар ин, разилонро ба монанди Шерзамонов, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Илҳом Ёқубов ва дигар думравони онҳо шабеҳи “сабукпоён” донистан равост.
Ба мардуми ориятпарвару бо ору номуси Тоҷикистон муроҷиат намуда хоҳонам, ки нисбати амалҳои ноҷавонмардона ва хиёнатпешаи наҳзатиён аз қабили Шерзамонову Давлатов, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Илҳом Ёқубов ва дигар думравони онҳо мавқеи устувори маҳкумкуниро пеша кунанд ва Ватани азизу зебои худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз ҳаргуна нокасону бадгӯён эмин нигоҳ доранд. Шукрона намоем, ки Парвардигори олам ба тоҷикон диёри биҳиштосоро насиб донистаасту вазифаи моён ободу сарсабз гардонида макони аҷдодиамон мебошад.
Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Собиров М.С.