Ҳангома набояд сохт?
Дар Payom.net, Isloh.net ақидаҳои носолими ТЭТ ҲНИ-ро зери унвони “Шӯравӣ нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард”-ро хонда хостам андешаи худро баён созам.
Абдуманнон Шералиев, коршиносони ин сомона даъво дорад, ки гӯё ин тарҳи зиддиконститутсионӣ, зиддидинӣ ва зиддимардумӣ аст. Ба ў бояд гуфт, ки аввалин маротиба соли 1925 яке аз давлатҳои мусулмонӣ Туркия пўшидани ҳиҷобро барои мусулмонзанҳо манъ карда буд. Сипас мавҷи чунин амал ба дигар давлатҳои мусулмонӣ ба монанди Сирия, Тунисва Ироқ (соли 1963) низ интиқол ёфт.
Айни ҳол дар якчанд давлатҳои аврупоӣ қонунҳои алоҳида доир ба манъи ҳиҷоб (Франсия, Белгия, Испания) амал карда истода, дар баъзе дигарашон (Нидерландия, Швесария, Британияи кабир) омодаи қабул мебошанд. Хусусан, шурўъ аз соли 2010 дар Фаронса қонун оид ба манъи пўшидани ҳиҷоб ва фаранҷӣ амал карда истода, башахсони аз ин қонун саркашикунанда муҷозоти маъмурӣ (ҷарима ба андозаи 150 евро) пешбинӣ шудааст.
Агар дар давлатҳои мусулмонӣ сабаби манъи ҳиҷоб пешгирии амалҳои ҷиноӣ бошад, пас дар давлатҳои демократӣ- дунявӣ асосан барои пешгирии намоиши (демонстратсияи) сару либоси динӣ ва ё мазҳабӣ тааллуқ дорад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки маърифати либоспўшии омирона имрўз дар фарҳанги давлатҳои муосир мавриди таҳлили дақиқ қарор дорад. Чунончӣ, соли 2002 дар Никарагуа ба мактаббачагон пўшидани домани кўтоҳ манъ шуда буд. Соли 2004 бошад, давлати Занзибар чунин қарорро нисбати сайёҳон қабул намуд. Ин тадбир баъдан дар шаҳри Сюдад-Акуни Мексика (2013), Уганда (2013) ва ба монанди инҳо амалӣ гардид.
Нуктаи дигар он аст, ки чун Тоҷикистон дар “Конститутсия” давлати дунявӣ эълон шудааст, бояд ин муддаиён донанд, ки дунявият аз дин фарқ дорад ва дар ҷомеаи дунявӣ ҳамон унсурҳое истифода мешаванд, ки хоси он ҷомеа аст. Аммо дар ҳамин ҳол ҳам танҳо он ҳиҷобу сатре манъ карда мешавад, ки хоси фарҳанги миллии мо нестанд ва набояд ин коршиносон ба баҳонаи унсурҳои бегона ба фарҳанги мо Ҳукуматро ба манъи бастани рӯймол айбдор намоянд. Танҳо манъ намудани воридшавӣ ба коргоҳҳои давлатӣ тавассути ҳиҷобу сатри бегона ҳаргиз дастдарозӣ ба номуси мардони тоҷик ва таҳқири ними занон нест. Аз ин ҳангома набояд сохт. Марҳамат, боз мегӯем, ки ҳаргиз касе бастани руймоли миллиро манъ накардааст. Ба назар мерасад, ки солҳои охир онон, ки ҳиҷоб ва сатри барои фарҳанги мо бегона мегиранд, зоҳиран ин амалро ба хотири худнамоӣ анҷом медиҳанд. Агар не, чаро онро бо ҳамон руймоли миллии худ иваз намекунанд, ки аксаран имрӯз дар ҷомеаи мо аз он истифода мекунанд. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки асолати исломро қалбан бояд шиносем, на ба пушидани сатру ҳиҷобу риш. Танҳо пешниҳоди манъи ворид шудан ба муассисаҳои давлатӣ бо ҳиҷоб ва русарӣ нишонаи гирифтани дину оин аз мардум нест, агар Шумо чунин мепиндоред, пас ин маънои онро дорад, ки исломро худ бо он ки даъвои зиёд мекунед, танҳо дар доираи ҳамин сатру ҳиҷобу риш шинохтаед ва аз ин фаротар нарафтаед. Ҳол он киаслу ҷавҳари дини мубини ислом болотар аз ин ҳама зоҳиргароиҳост. Мутаассифем, ки ҳамин як рафтори мутобиқ ба низомҳои амалкунандаи ҷомеаи демократиро фоҷеа унвон намуда, танҳо боз ҳам хостори он ҳастед, ки дар доираи он боз ҳам давлат ва Ҳукуматро айбдор кунед, ки пешаи асосии Шумо давоми солҳои охир ба хотири манзури ҳисобот ба хоҷагонатон гардидааст.
Ҳоло ҳеҷ гап нест, аллакай худи Шумо ҳангомасозӣ намуда, мехоҳед, миёни мардум шуру ғавғо ангезед. Аммо фаромӯш насозед, ки дигар мардуми тоҷик онҳое нестанд, ки қурбони ин дасисаҳо ва ҳангомаҳои Шумо гарданд. Ҷолиб аст, ки диндории асилро Шумо танҳо дар гирифтани сатру ҳиҷоби барои фарҳанги мо бегона мешиносед ва гӯё ин амал диндорони асилро маҷбур ба тарки кишвар мекардааст. Диндори асил ҳамонест, ки Исломро тавассути қалби хеш шинохтааст ва мешиносад, на аз рӯи либосу рӯймолу дигар аломоти зоҳирӣ.
Бозор Собит – ҳуқуқшиноси факултети таърих ва ҳуқуқ