​Хуб шуд, ки зан ба давлатёр шуд…..

Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда, агар худ аз воқеияти ҳаёту ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, ахли оила ва шогирдони худро тарзе тарбия мекунад, кионҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадамниҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан аҳамияти хоса дода, кӯшидааст, ки занон дар чомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асосифарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Масъалаи дигаре, ки ҷолиби зикр аст, ин эътибору диққати хоса зохир намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақому мавқеи занони тоҷик маҳсуб меёбад. Қабули як силсила санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки аз оғози даврони Истиқлолият то имрўз рўи кор омадаанд, ба масъалаи таҳкими қадру манзалати занон нигаронида шудааст. Аз ҷумла «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Барномаи давлатӣ оид бапешгирии зўроварӣдар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» (қарори Ҳукумати ҶТ таҳти № 294 аз 3.05.2014), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №5 аз 03.12.1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва ғайра.

Ҳадафи асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз қабули санадҳои зикршуда пеш аз ҳама арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ў дар ҳаёти сиёсиву иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон маҳсуб меёбад. Барои исботи ин фикр овардани мисоли мазкур шояд кифоя бошад, алҳол дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо назардошти бахши хусусӣ беш аз як миллион занону духтарон фаъолият мебаранд. (45%аҳолии қобили кор)

Шумораи зиёди кормандони соҳаи маориф ва тандурустиро занон ташкил медиҳанд. Дар вазифаҳои роҳбарикунанда тахминан 5 ҳазор нафар занон машғуланд, ки ин нишондод Пешвои миллатро қонеъ намекунад. Соҳаи маориф, ки яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад, зиёда аз 60 ҳазор нафар занонро муттаҳид намуда, ҳазорон нафар занони донишманд дар ҷодаи илм заҳмат мекашанд.

Самти дигар ва хеле муҳими фаъолияти занон дар он зуҳур меёбад, ки онҳо бештар худро дар корҳои ҳизбию сиёсӣ санҷида, дар ин самт низ муваффақ шуда истодаанд ва чеҳраҳои сиёсии занон руз аз рўз тобнок мешаванд. Занон ба ҳизбу ҳаракатҳои созанда шомил гардида, талош меварзанд, ки нақши худро дар ҳалли масоили сиёсиву иҷтимоӣ ворид созанд.

Барои собит намудани фикри болоӣ овардани ҳамин далелро ҷоиз донистем. Имрўз дар сафи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон ифтихори узвиятро зиёда аз 200000 нафар занон касб намуда, дар шаҳру ноҳияҳо масъулияти роҳбарии кумитаи иҷроияҳои ҳизбиро ба дўши худ гирифтаанду ташаббускориву пешсафиро шиори худ хондаанд.

Солҳои охир шумораи зиёди занон номзадии хешро ба вакилии парламенти мамлакат ва зинаҳои дигари мақомот пешниҳод намуда, ба пирўзӣ ноил гашта истодаанду дар таҳия, қабул ва татбиқи қарору қонунҳо фаъолона ширкат меварзанд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муовинони вазирону раисон аз ҳисоби бонувони фаъолу кордон таъин карда мешавад. Бинобар ин, имрўзҳо дар мақомоти ҷумҳуриявию вилоятӣ, ноҳиявию маҳаллӣ беш аз 8 ҳазор занон фаъолият бурда истодаанд, ки 500 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ адои хизмат мекунанд.

Бо вуҷуди ин Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин нишондодҳоро нокифоя шуморида, дар Паёми хеш зикр намуданд, ки дар оянда аз ҳисоби занону духтарони фаъол зиёд намудани кормандони идораҳои давлативу ҳизбиро афзун менамоянд.

Бо ин мақсад ба масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, бахусус духтарони деҳот эътибори ҷиддӣ зоҳир намудани аҳли ҷомеаро бори дигар таъкид доштанд. Тибқи квотаи президентӣ ҳар сол садҳо духтарон ба мактабҳои олӣ пазируфта мешаванд, ки ин иқдом зиёда аз 15 сол идома дошта, қариб 10 ҳазор нафар ҷавондухтарон соҳиби маълумоти олии касбӣ гардида, дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд.

Бузурге фармудааст: «Ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд.

Вале, баъди қироати андешаҳоиашхосе, киоид ба омода ва таҳия шуданитарҳиҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид нашудани занони сатру ҳиҷобпўш ба муассисаҳои давлатӣандешаҳои зиёдепайдо мешавандубарои ҷавоб додан ба чунин инсонҳое, кихудро «мусалмони асил» мепиндорандмехоҳӣ хомуширопеша намоӣ, валемавқеи бетарифиро касб намудан низ аз рӯи инсофнест.

Баъзан наҳзатиёни ифротӣ гӯё иброз менамоянд, ки ҳатто дар даврони Шўравӣ ба диндорон ин қадар фишор намеоварданд. Оё ин шахс намедонанд, ки имрўз вазъи дунё аз вазъи даврони Шўравӣ аз замин то осмон тафовут дорад. Гап дар сарипўшидан ва ё напўшидани сатру ҳиҷобне, балки дар сари мафкураву дунёи ботинии инсон меравад. Аз таърих мисол меоранду бисёр далелҳои таърихиронодида мегиранд, ки хатои нобахшиданист. Хуб мешуд, агаридеологияи давраи ШўравивуТоҷикистонисоҳибистиқлолро муқоисанамоянду сипасаз паи ибрози ақидаҳои беасос шаванд.Занони даврони Шўравӣкоинотро фатҳ намуда буданд, дар майдони набарду муҳорибаю меҳнат аз мардон камӣ надоштанд, ки дар байни онҳо шумораи занони тоҷикниз зиёдбуданд.

Имрўзҳо низ заноне, ки барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон азму талош доранд кам нестанд. Зан – раиси дастгоҳ, зан-раиси шаҳр, зан- раиси ноҳия, зан- раиси ташкилоту муассиса, зан – сарвари муассисахои таълимӣва ғайраву ҳоказо..

Соҳибони андешаҳои ботил калимаи “демократияро аз Конститутсия гиред” шеъри машҳуриМирзо Турсунзода «Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд»-ро ҳангоми мактабхонӣ аз ёд накарда буданд? Ё ҳофизаашон суст шудаву ҷои онро акидаҳои бегонапарастӣ гирифта?!

Хулоса, аз занони боиффату бомаданияту соҳибмаълумоти Тоҷикистон хоҳиш менамоем, ки ҷоиба бар карданисару либоси бегона, қабулифарҳангиғайр, рисолати худро дартаваллуду тарбияинаслируҳану ҷисман солим, омўзишуташвиқутаблиғифарҳанги миллӣ, аз худ намудани анъанаҳоимиллии оилаву оиладорӣ, иззату эхтиромипирони рўзгор, расидан бақадри меҳнату ҷонфидоии қаҳрамонони миллат, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, талқини фарзандон ба китобу китобхонӣвағайрадида,кўшишнамоянд, арвоҳи гузаштагонашон шод бошанду фарзандонашон ба некӣёдашоннамоянд.

С.Рабиев- декани факултети педагогӣ

М.Қодирова-муовини декан оид ба тарбия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ