​Конфронсҳои илмӣ дар як сатр

Иттилоъ аз ҷараёни конференсияҳои илмии устодон, олимони ҷавон ва магистрантону донишҷӯён бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи илми тоҷик дар факултет ва кафедраҳои МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”.

Кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ. Дар бахши устодон муаллим Эраҷ Салимов оид ба масъалаи “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маъруза намуда, сазовори мақоми аввал гашт.

Кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус. Дар бахши устодон ва донишҷӯён сармуаллима Н. Шарипова дар доираи “Организация самостоятельной работы на неязыковых факультетах” ва донишҷӯ Екатерина Курганова оид ба мавзӯи “Современные методы оцениваниязнаний учащихся на уроках русского языка” баромад намуда, сазовори ҷойи аввал шуданд.

Кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт. Дар конфронси илмии устодон, докторантон, магистрон ва донишҷӯён сармуаллима Ф. Каримова, докторант Ф. Мирзоқобилова, магистрант А. Бердимуратов ва донишҷӯ М. Юсуфхоҷаева дар асоси хулосаи ҳайати омӯзгорон беҳтарин ҳисобида шуданд.

Факултети забонҳои шарқ. Муаллифи “Мавзӯоти ашъори адабии Абӯмузаффари Абевардӣ” Парвина Ризоева, унвонҷӯи кафедраи филологияи араб, беҳтарин маърузакунандаи бахши робитаҳои адабӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ