Муҳиддин Кабирӣ – хоини Ватан

Мақолаи сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода - Буқаламун дар бораи тамаллуқ ва риёкории роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ -ро мутолиа карда онро ҷонибдорӣ карданиям . Зеро имрӯзҳо ба тамоми мардуми кишвар ва ҷаҳон мақсадҳои нопоку риёкорона ва ҷинояткоронаи ТЭТ ҲНИ ошкор гашт. Бо мақсадҳои таҳрибкорона ва сўзанда ба саҳнаи сиёсат омадани ТЭТ ҲНИ боиси нигаронӣ, ташвиш ва бадбахтии мардуми тоҷик гашт. Ин созмони террористӣ фазои босуботи Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандиро барҳам заданӣ буд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Ватанро ба хоку хун оғушта кард.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИ дар соли 2015 бо роҳи ошўби ҳарбӣ табаддулоти давлатӣ кардан мехост. Амалҳои куштор, таркиш, харобкорӣ ва монанди ин хоси кирдориҳои ТЭТ ҲНИ мебошад. Он ҳама бадбахтиҳое, ки ҲНИ аз оғози фаъолияташ ба сари мардуми тоҷик овард, ба ҳеҷ як дину мазҳаб дуруст намеояд. Роҳбарияти ин ҳизби хиёнаткор шарм накарда, ҳамаро монанди худ гумон мекарданд яъне: хоину ватанфурўшу дурўя, вале мардуми шарифи Тоҷикистонақлу заковат ва фаҳму дарки худро аз даст надодаанд то ашхоси бадхоҳро аз ашхоси садоқатманд фарқ намоянд.

Ин хиёнаткорони ватанфурўш, аз ҷумла Кабирӣ ва пайравонаш аз хориҷи кишвар истода, алайҳи давлату ҳукумат нақша кашида истодаанд ва бо ин иғвоангезии худ мехоҳанд бо ҳар баҳона амнияту суботи кишвари азизамонро халалдор намоянд. Кабирӣ ва баъзе гурўҳҳои манфиатхоҳ оромии кишварамонро дидан намехоҳанд ва аз ин рў мехоҳанд бо тўҳмату ҳар гуна баҳона иғвоангезии худро давом дода, вазъи амну суботи кишварамонро ноором созанд.

«Роҳбари Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ бо табрикоти солинавии худ, ки дар Фейсбук ниҳодааст, бўкаламунро ба ёд меорад.»- гуфтаи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода ҳақ аст . Ҳарчанд Кабирӣ ба хотири боқӣ мондан дар Аврупо худро демократӣ нишон медиҳад ва бо соли нави мелодӣ табрик мекунад, аммо дар асл ба хотири расидан ба ҳадафҳои хоҷагонаш ба пайравонаш дастури нопоку иғвоангез медиҳад. Зеро ҳадафи ниҳоии наҳзат суботу оромии кишвари азизамонро ноустувор кардан мебошад.

Саркорбобоева М. М.- муаллимаи кафедраи

умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ