Таффакури комил ва маърифати дуруст
Воқеан андешаи муаллиф лоиқи дастирист.С.Мирзораҳматов олими журналист аст ва ба масъалаҳо илмӣ ва реалӣ баҳо медиҳад. Ман дар ин навишатаи худ мехостам дар заминаи ин мақола ба масъалаи маърифат ва шанохти ҷавонони имрза сӯҳбат намоям. Зеро назари амиқи муаллиф моро водор менамояд андеша намоем,ки чи гуна ба воқеаҳои рӯзгор назар кард.Имрӯз мо набояд ба воқеаву ҳодисаҳо аз рӯи сурати зоҳир баҳо диҳем,балки ба ҳар зуҳурот ё падида аз назари манфиати ҷомеа ва миллат баҳогузорӣ намоем.Махсусан ҷавонон дар мавриди худогоҳву худшиносӣ фаротар аз маълумотҳои интернетӣ ба олмаи китоб вобаста ба самти фаъолияти худ рӯй оранд.Устод Айнӣ дар як мақолаааш зикр карда буд,ки ҳодисаҳо ҳамаи давру замон такрори ҳамдигаранд танҳо он замон ва маконашро иваз мекунад. Яъне моҳияти як воқеаи дар асри 21 рух дода бо ҳодисаи асрҳои пешин ба ҳам наздик аст ва агар инсони оқил аз таърих огоҳ бошад ва донад,ки ба ҳодисаи фавқ ҷомеа чи гуна муносибат дошт ё проблемаро чи хел ҳал карда буд пас ӯ имрӯз метавонад дар заминаи дониши андӯхтааш ба он баҳои ҳаққонӣ диҳад ва онро шарҳу тавзеҳ бахшад.Аз ин рӯ дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҷалби наврасону ҷавонон ба китоб моҳияти аввалиндараҷа дорад.Имрӯз танҳо китоб имкон фароҳам меоварад,ки инсон метавонад тафаккур намояд,зиштро аз хуб фарқ созад,тамийзи сиёҳу сафед карда ба олами мавҷуд назари дурусти интиқодӣ пайдо намояд. Маҳз китоб он қудратеро дорад,ки маъифати инсонро рушд бахшад ва гузашта аз иттилоот дар таҳлилу баррасси дурусти он саҳим бошад. Дуруст аст ки таҳлилҳои пучу зоҳирӣ инсонҳоро ба ҷодаи нодурусту носавоб роҳӣ мекунад ва ба қавли Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ танҳо “Фаҳми дуруст” наҷотбахши ҷомеа хоҳад буд. Аз ҷониби дигар интихоби дурусти матолиби хонданӣ аст,ки инсонро ба маърифативоқеият раҳнамун мекунад. Барои журналисти хуб будан танҳо донистани назарияи он кам аст ва ҳатто таҷрибаи дасолаҳо ҳам кӯмак намерасонад агар мутолиаи муттассил ва гуногунҷабҳа набошад.Аз ин рӯ ягона сарчашмаи расидан ба маърифати дуруст ва пайдо кардани истеъдод ва хусусияти таҳлили ҳамаҷониба ин китоб аст. Пас беҳтарин пеша рӯй овардан ба китоб...Албатта баъди интихоби китоби муфид...
Саидов С