​Чанд андеша роҷеъ ба навиштаи Мӯсозода зери унвони “Буқаламун”

Дар воқеъ пас аз хондани навиштаи Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА, Сархатиби вилояти Суғд дар /АМИТ «Ховар»/ таҳти унвони «Роҳбари Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ бо табрикоти солинавии худ, ки дар Фейсбук ниҳодааст, бӯкаламунро ба ёд меорад” кас ба андеша фуру меравад, ки чаро чандин сол Муҳиддин Кабирӣ ошкоро дар соли нави мелодӣ табрик карданро ҳаром ва маҳкум мекард, вале дар ин сол ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба табрикоти солинавӣ пардохтааст. Ин дар воқеъ, ҳамон гуфтаи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода аст, ки “буқаламунро” ба хотир меорад. Муҳиддин Кабирӣ, ки чандин сол дар зери ҳимояти кишвари Эрон буд, соли нави мелодиро ҳаром ва маҳкум мекард, чун хоҷагони эронӣ аз сарпарастии ӯ оҷиз омаданд рӯй ба аврупо ниҳод ва ба хотири худро нағз кардан ба табрикоти иди онон пардохт.

Дар ҳақиқат дар соли 2018 миллати сарзабзи тоҷик бо сиёсати ҳадафмандона ва хирадмандонаи Пешвои миллат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки боз душманони миллат аз ин оҷиз ва ноком гаштанд. Ҳаммаслакони Кабирӣ ва хоҷагони хориҷии ӯ аз ин пешравиҳои миллати тоҷик боз ҳам дар дил кинаю адовати онон зиёдтар гардидааст. Онон хеҷ гоҳ аз пешрафту дигаргуниҳои кишвар ҳарф намезананд, балки танҳо айб меҷӯянд.

Дар маҷмӯъ, андешаҳои Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар робита ба табрикоти солинавии Муҳиддин Кабирӣ касро ба чунин андеша водор месозад, ки мисли Кабири барин шахсиятҳои хоин дар ҳар маврид ба хотири ҳифз ва амнияти худ андешаҳояшон иваз мешавад. Вақте, ки дар зери сарпарастии Эрон буд соли навро ҳаром ва маҳкум менамуд, аммо чун ба аврупо рафт ба хотири тамаллуқ ва чоплусӣ иди ононро ҷашн мегирад. Бояд аз пайи ободӣ ва пешрафти Ватан бошем, на аз пайи ихтилофандозӣ.


Азизов С.-муовини декан оид ба илм

ва инноватсияи факултети филологияи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ